ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Хушбахтона ҷавонони имрӯза хуб дарк мекунанд, ки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд.

Аз ин рӯ, ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошанд. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти мо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гарданд ва нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳанд.

Зеро ба таъкиди Пешвои миллат мо – ҷавонони бонангу номуси миллат офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошем.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, сиёсати давлатро вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намояд.

Тавре маълум аст, санаи 21 майи соли ҷорӣ дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдавти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рўзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд, ки ин яке аз нишонаҳои таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ба насли ҷавон мебошад.

Дар чорабини мазкур аз тамоми шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷавонони фаъолу болаёқат ҷамъ омада буданд.

Зимни суханронӣ Президенти кишварамон таҳлили дастовардҳои ҷавононро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баён намуда, барои ҳалли мушкилотҳои минбаъда фикру пешниҳодҳо намуданд.

Вале, мутаасифона аз тарафи гурўҳи нафарони аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ нисбати суханрониҳои Президенти кишварамон норозигиҳо баён намуда, изҳор намуданд, ки гӯё дар асли ҳол вазъияти ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазнин буда, ба мушкилотҳои зиёде дучор гардидаанд. Инчунин, баён намудаанд, ки ҷавононро маҷбур кардаанд, ки дар чорабиниии мазкур ягон сухан нагўянд ва мушкилотҳоро баён нанамоянд.

Умуман, нафарони аъзоёни ТТЭ ҲНИ вақтҳои охир бе ҳад бо ҳаргуна роҳҳо нисбати Тоҷикистон суханҳои бардуруғро паҳн карда истодаанд.

Дар асл бошад ҷавонон ТТЭ ҲНИ маҳкум медоранд ва аз амалҳои ношоистаи онҳо норозигиҳоро баён мекунанд.

Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки ТТЭ ҲНИ аксари ҷавононро бо роҳи фиреб ба домани худ гирифта онҳоро раҳгум кунонида ба сафи гурўҳҳои ДИИШ ҳамроҳ намуданд, ки ин хиёнатгарист нисбати миллати худ.

Аз ин рӯ, мо бояд саъю талош кунем, ки ҷавонони Тоҷикистон аз ҳадафҳои пинҳон ва мақсадҳои аслии ҳомиёни пасипардагии ин ҳизб огоҳ шаванд. Зеро барномаи ин ҳизб бо раванди таҳаммулпазирии динҳо ва сулҳу оштӣ муқобил аст.

Давлати тоҷикон аз рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бар зидди терроризм ва экстремизм пайваста ва пайгирона муборизаи ҷиддӣ ва шадид бурда истодааст.

Дар ин радиф иқдомҳои мубориза алайҳи терроризми Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро пешсафони давлатҳои абадқудрати дунё эътироф кардаанд.

Мо мардуми Тоҷикистон аллакай кайҳо аз нақшаи ғарази ин хоинони миллат огоҳӣ дорем ва бо боварии том мегӯем, ки ба ин суханони иғвоангезонаи онҳо ҳаргиз бовар нахоҳем кард. Зеро мақсади асосии ин хоинон боз Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрванди кашидан ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ғасби ҳокимият мебошад.

 

Раҳмонов М.М. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like