ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВА ДЕМОКРАТӢ БА ЛИДЕРОНИ ҒАЙРИРАСМӢ ЭҲТИЁҶ НАДОРАД
Оромии ҷомеаро халалдор сохтани баъзе аз гурўҳбозҳо дар ибтидои пойдоршавии давлати соҳибистиқлол ва ҷавон – Тоҷикистони азиз дар гузашта зуд-зуд ба чашм мерасид. Ин ҳолат ба халалдор шудани оромии ҷомъиятӣ ва умури давлатӣ боис гардида буд. Хушбахтона дар солҳои охир ин қазия бо пурзўр шудани иқтидори давлат дар ҳама самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ коҳиш ёфта, дар бархе аз манотиқҳои мамлакат ҳоло пурра аз байн рафтааст. Вале муттаассифона нафароне ба чашм мерасанд, ки оромию осудагии ҷомеа ва пеш аз ҳама ватани азизамонро намехоҳанд.
Ба ин мисол шуда метавонад таҳлукаю нигарониҳое, ки рӯзҳои охир дар халалдор намудани амнияти шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо сардории Мамадбоқир Мамадбоқиров ба вуқўъ пайваст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки гурўҳбозиҳои бархе аз лидерони ғайрирасмӣ ҳоло низ арзи вуҷуд дошта, аз ҷинояткорию таъсир расонидан ба амнияти ҷомеа дастбардор нестанд.
Албатта, чунин лидерони ғайрирасмӣ манфиати худро аз манфиати давлату ҷамъият боло гузошта, хизмачиёни давлатӣ ва онҳое, ки барои таъмини амният ва рушди ҷомеа меҳнати содиқона мекунанд, на танҳо заҳмати онҳоро қадр намукунанд, балки мавриди масқараю мазаммат низ қарор медиҳанд. Чунин рафтор дар амалҳои Мамадбоқир низ чанд рўз муқаддам дида шуд. Ин шахси нохалаф такия ба моликияту сарвати худ, ки сарчашмааш аз меҳани азизамон мебошад, худро дар байни як гурўҳ шаҳрвандон ва наздикон лидери ғайрирасмӣ эълон намуда, қоидаҳои рафтор ва пойгоҳҳои меъёрии давлатро мадди назар намуда, амнияти минтақа ва ҳатто давлати ягонаро пурташфиш намуд.
Чунин меҳисобем, ки дар асри 21 ин рафтор маърифати пасти шахсро нишон медиҳад ва чун ҷаҳолат донистан дуруст мебошад. Зеро чунин нафарон арзиши оромию сулҳ, амнияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро натанҳо қадр намукунанд, балки дарки амиқи ин арзишҳоро намераванд.
Ҳоло амалҳои хирадмандонаи Пешвои миллат мўҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон дарак аз он медиҳанд, ки меҳнати содиқоқона ба халқу Ватан ва гиромӣ доштани ҳар як порча замини кишвар, арҷ гузоштан ба бузургон, эҳтироми зиёиёну ходимони давлатӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ бояд шарти зиндагии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Пешвои миллат дар ҳар як баромаду суханрониҳои хеш ҷиҳати таъсири манфии гурўҳҳои ифротгар ва хатару зарари онҳо ба ҷомеа, пешгири шомилшавии ҷавонон ба ин гурўҳҳо хоса андеша намуда, дар мавридҳои зарурӣ ба масъулин ва мақомоти ваколатдор дастуру супоришҳо медиҳанд. Ин албатта аз таҷрибаи бузурги Пешвои миллат дар таъмини амният ва сулҳу оромӣ шаҳодат медиҳад.
Дар асоси ин гуфтаҳо метавон баён намуд, ки ҳоло вақти он фаро расидааст, ки аз мактаби Пешвои миллат нафарҳои ба гурўҳбозӣ машғулбуда ибрат гиранд ва назару амали худро дигар намоянд. Арзишҳоро дуруст дарк намоянд ва аз ноором кардани ҷомеа даст кашанд. Ба қонунгузориҳои давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эҳтиром гузоранд. Ба ташфишу таҳлука андохтани ҷомеаи кишвар хотима бахшидад ва аз гурўҳбозию худро лидери ғайрирасмӣ эълон кардан низ даст кашад. Зеро ин гуна симоҳо танҳо зарар ба оромии кишвар мерасонанд.
Аз ин лиҳоз ба ин гуна ифротгароён давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёди мо эҳтиёҷ надорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин нафарҳо ҳатто ба ваъдаи худ дар назди модару Ватан истода наметавонанд. Зеро дар соли 2018 мақомоти давлатии ваколатдор ба якчанд нафар чунин лидерони ғайрирасмӣ ҷиҳати даст кашидан аз амалҳои роҳбарии гурўҳҳои ҷиноятӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ, ғасб кардани биноҳои давлати, тахқири намояндагони давлат, авбошӣ ва гайра ўҳдадории гузошта буд ва онҳо пазируфта буданд. Вале тавре қазияи чанд рўз муқаддам дарак медиҳад онҳо ҳоло низ дастбардор нестанд ва лафзу сухан ба онҳо арзише надорад. Ин аз мо аҳли ҷомеа тақозо менамояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва чунин нафаронро маҳкум кунем.
Тўхтаев Т.М.- мудири кафедраи
молия ва қарзи ДДҲБСТ