Оё рӯ ба силоҳ овардан мушкилотро ҳал менамояд?

Раҳбари Паймони миллӣ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 9-уми май ба радиои Озодӣ чунин иброз намуд:  “то чанд сол пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ, дар Тоҷикистон рад мешуд, вале баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…”ташкили “ҷиноҳи низомӣ”-и мухолифинро “як раванди табиӣ” дониста, иддао намуд, ки “ҳукумати ҳозира оппозитсияи бесилоҳро писанд намекунад”.

Аз суханони Муҳиддин Кабирӣ маълум мегардад, ки ӯ барои ба сари ҳокимият омадан мехоҳад силоҳ ба даст гирад ё соддатар карда гӯем мехоҳад пайравонашро мусаллаҳ созад ва барои соҳиб шудан ба ҳокимият муборизаи мусаллаҳона барад. Ӯ барои далели фикраш ҳодисаҳои Украинаро мисол меоварад.

Ҳодисаи Украинаро барои соҳиб шудан ба қудрат мисол овардан аз бемантиқист. Украина кишвари мустаъқил аст. Давлати Руссия ба кишвари мустаъқили Украина лашкар кашид, ки боиси оғози ҷанг шуд. Мардуми Украин барои ҳимояи ватанашон бо рус мубориза мебаранд. Аммо Паймони миллӣ ё ТЭТ ҲНИ мухолифи давлати тоҷик мебошанд. Онҳо ҳақ надоранд барои соҳиб шудан мусаллаҳ шаванд. Украинҳо мусаллаҳ мешаванд онҳо ҳақ доранд, чунки онҳо кишварашонро аз душмани беруна ҳифз мекунанд. Аммо оппозитсияи тоҷик ҳақ надорад, ки мусаллаҳ шавад ва барои ба даст овардани ҳокимият роҳи ҷангро пеш гирад. Ин андешаи Кабирӣ таҳдид ба истиқлолияти давлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва давлат ҳаққи комил дорад барои мусаллаҳ шудани мухолифин роҳ надиҳад. ҲНИ солҳои 1991-92 хуб мусаллаҳ шуда буданд. Ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданд, майдоннишиниҳо карданд, вале шикаст хӯрданд. Акнун аз нав мусаллаҳ шуда, барои ҳокимият мубориза бурдан хиёнат ба якпорчагии давлати Тоҷикистон мебошад.

Ин мавзуъ пас аз он доғ шуд, ки чанде қабл Андрей Серенко, таҳлилгари низомии рус, дар шабаки  Телеграм аз таъсиси “ҷиноҳи низомӣ”-и мухолифини тоҷик хабар дод. Дар шароити кунунӣ таъсиси “ҷиноҳи низомӣ” Тоҷикистонро ба як ҷанги шаҳрвандии дигар тела медиҳад. Радиои Озодӣ посухи ин  саволҳоро 10-уми май аз Муҳиддин Кабирӣ пурсид. Ӯ чунин ҷавоб дод: “бо роҳи мусолиматомез мубориза бурдан ҳеч фоида надорад. Пас аз ҳодисаҳои Афғонистон ва ҷанги Украина ин ҳарф ва ин далелҳо қавитар шуданд, ки чаро тамоми дунё метавонад, тамоми миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳои худ аз силоҳ истифода мебаранд, магар миллати тоҷик”. Оё Кабирӣ бехабар аст, ки он давлатҳое, ки силоҳ ба даст гирифтанд ва мубориза бурданд баракс бадбахт шуданд, ба мисли Сурия, Ироқ, Афғонистон, Либия.

Мардуми тоҷик дигар он мардуми солҳои 90-92 нестанд. Душману дӯстро хуб мешиносанд. Ин замони мусаллаҳ шудан нест. Замони кору зиндагии осуда сохтан аст. Аз ин рӯ суханони Муҳиддин Кабирӣ иғвогарона буда, истиқлолияту осудагии мардуми тоҷикро халалдор мекунад.

 

Мирниёзов А. Қ. – муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ, ДДҲБСТ

You might also like