ВАҲДАТ – ҶАШНИ СУЛҲ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ

Барои миллати тоҷик рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз санаи бузурги таърихӣ мебошад.

Ба шарофати хиради ахами тоҷикон 27 июн соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ, бо гуноҳи азими раҳбарони ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо рух дод ва он боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бинёд намудани давлати исломӣ буд.

Бояд, қайд кард, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талошҳои фарзандони бедордили миллат ва музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ба даст оварда шуд.

Рисолати таърихии ваҳдати миллӣ аз он иборат аст, ки ва давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот бахшид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба осонӣ ба имзо нарасидааст. То расидан ба Ваҳдати миллӣ 9 давр музокирот, ва муллоқоти бевоситаи Пешвои миллат бо роҳбарияти иттиҳоди мухолифин ва 21 музокироти ҳайатҳо сурат гирифта, 40 санад ба имзо расид, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуд.

Барқарор гардидани сулҳу ваҳдат дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи сифатан навро оғоз намуд. Сулҳу ваҳдат барои ташкили пояҳои устувори давлатдории навини миллӣ ва таъсиси ниҳодҳои давлатӣ, муҳайё намудани заминаи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар шароити мусоид ба миён овард.

Соли 1999 ба туфайли сулҳу субот дар ҷумҳурӣ парламенти касбии иборат аз Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ таъсис дода шуд.

Яке аз рӯйдоди сиёсие, ки дар натиҷаи сулҳу ваҳдат дар ҳаёти ҷумҳурӣ ба амал омад, яъне баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат ба шумор меравад.

Яке аз дастоварди беназири ваҳдат ин оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ дар саросари мамлакат мебошад. Кушода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қайроқкум, роҳи Душанбе –

Қурғонтеппа – Кӯлоб, азнавсозии роҳи Душанбе – Хуҷанд – Мастчоҳ, Айнӣ – Панҷакент, бунёди нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон самараи файзбори сулҳу ваҳдат ба шумор мераванд.

Сулҳу ваҳдат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда – 1, Сангтӯда – 2 ва Роғун мусоидат намуд, ки онҳо дар кори таъмини Истиқлолияти энергетикии мамлакат аҳамияти муҳим доранд.

Дар баробари рушди бонизоми сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд пешрафта дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир мавқеи арзандаро ишғол менамояд.

Ба туфайли сиёсати пайгирона барои ҳалли яке аз муаммоҳои мубрами ҳаёт – об Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор машҳур гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст”.

Дар натиҷаи Ваҳдати миллӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли зиёда аз 80 созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун мактаби таҷрибаи беназир меомӯзанд ва аз он истифода намуданро баҳри ҳалли қазияи Афғонистон ва Шарқи Наздик зарур меҳисобанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин қайд намуданд: “Масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад”.

Итминони комил дорем, ки мардуми азизи кишварамон бо дарки муҳиммияти сулҳу субот, ваҳдату ҳамзистӣ пайгирона ҷаҳду талош намуда бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани нуфузи ҷумҳурии азизамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.

 

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like