МО ЗИДДИ СИЁСАТИ ҒАРАЗНОКИ ҲИЗБИ ТАҲРИБКОРЕМ!

Ватани азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ,   бахусус, дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми дигари идоракунӣ  ба бисёр мушкилоти сахту сангин рў ба рў шуд. Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба ўҳда гирифтанд ва дар як муддати кўтоҳ, тавонистанд барномаи бузурги сулҳофариниро дар амал татбиқ намоянд ва ба ҷаҳониён фарҳанги сулҳофаринии тоҷиконро нишон доданд.

Сарвари давлат дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшида,  дар дунё давлатеро бо номи Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон шукрона Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд.

Дар ин ҷо ҳаракатҳои «гурӯҳи 24», намояндагони ҳизби мамнуъи наҳзат ва ҷонибдорони он мехоҳанд андешаҳои бадкирдоронаи худро баён намоянд.

Оиди фаъолияти аҳзобҳои сиёсӣ бояд гуфт, ки дар кишвар мувофиқи қонун аҳзоби сиёсие, ки дар асоси меъёрҳои қонунӣ фаъолият мекунанд имрўз кору амал намуда истодаанд. Мардум нисбати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз рўи фаъолият ва натиҷаи он барои рушди ҷомеа баҳогузорӣ мекунанд. Инро интихоботҳо ба парлумони кишвар, ки  баргузор гардиданд баръало нишон медиҳанд. Аз натиҷаи ин маъракаҳои сиёсӣ рейтинг ё мақоми ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар равшан маълум мегардад.

Дар мусоҳиба бо сармуҳаррири Фарғона Даниил Кислов Кабирӣ зикр мекунад, ки гӯё дар интихоботи соли 2010 ҳизбаш овозҳои зиёд гирифт, ки ин бӯҳтони маҳз мебошад. Зеро раванди гузаронидани интихобот таҳти назорати намояндагони дохилӣ ва хориҷӣ  мегузарад, ки ба он дар Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.

Фаъолияти ҲНИ дар асоси пеш бурдани сиёсати ғаразкорона ва зиддидавлатӣ ҳамчун ҳизби таҳрибкор манъ карда шуда, яке аз  гурӯҳҳои  террористӣ эълон гардид.

Моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди кўшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолияти он дар қаламрави кишвар ҳамчун ҳизби террористӣ манъ карда шуда ва аксарияти роҳбарони он, ки дар ин қазия даст доштанд ба ҳабс гирифта шуданд. Ин ҳол боиси норозигӣ ва баланд гардидани сару садоҳо аз ҷониби сарпарастону хоҷагони хориҷии онҳо аз кишварҳои «демократӣ» гардид, ки онҳо бо ҳар васила хостанд ба сохторҳои давлатии мо фишор оварда, онҳоро ба нақзи «арзишҳои демократӣ» гунаҳкор созанд.

Роҳбари ин ҳизб М. Кабирӣ паёмади иқдомҳои худро дар кори кўшиши табаддулоти давлатӣ, ки ба нокомӣ анҷомид эҳсос намуда, бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор намуд ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае  ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд.

Масалан вай гуфтааст, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз собиқ аъзоёни ин ҳизб бо ҳар баҳона гўё маблағ меситонанд. Аммо асли воқеа ин аст, ки ҳанўз пеш аз кўшиши табаддулоти давлатӣ аксари аъзоёни ин ҳизб дар минтақаҳо ихтиёран ариза навишта аз ин ҳизб рафта буданд ва он дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо бе аъзо монда буд. Эҳтимол яке аз сабаби асосии кўшиши табаддулоти давлатӣ бо тарҳрезӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии онҳо аз ҷониби роҳбарони ин ҳизб пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз камнуфуз гардидани ин ҳизб дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи кишвар бошад.

Алҳол,  Кабирӣ дар яке аз давлатҳои Аврупо буда,  озодона гаштугзор дорад ва мусоҳиба медиҳад. Ҳол он, ки ӯ бояд аз ҷониби  ИНТЕРПОЛ дастгир карда шавад ба маҳкама кашида шавад. Давлатҳои Аврупоро месазад, ки бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, баҳри аз байн бурдани тероризму экстремизм якҷоя мубориза баранд, вале боиси таассуф аст, ки баръакс ба ин гуна ашхоси ҷинояткор паноҳгоҳ медиҳанд.

Ҳаракатҳои ғайриқонунии ҲНИ ( ҳизби террористӣ эълон гардида) ва роҳбари он аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо Назарзода ҳаммаслак будаанд ва барои ноором гардонидани вазъияти босуботу осоиштаи кишвар амалҳои зиддидавлатӣ намудаанд.

Дар мусоҳибааш  Кабирӣ шахсонеро, ки аз ҷониби мақомоти қудратии  кишвар ба ҷавобгарӣ кашидааст ба монанди Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва дигар ҳаммаслаконаш ёдрас мегардад. Дар асл ин ашхос шукронаи кишвари озоду обод накарданд бо ҳаракатҳои зиддидавлатии худ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба маҳкама кашида шуданд.

Қувваҳои бадхоҳ ҳанӯз ҳам мехоҳанд, ки дастовардҳои беназири кишварамонро дар даврони истиқлолият ноором созанд.

Лекин хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

Хамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои ичтимоӣ мухайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.

Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рўи ин принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда,  тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Бубинед дар 30 соли соҳибистиқлолӣ  корҳое иҷро гардиданд, ки дар 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ иҷро нашуда буданд. Аз ин лиҳоз, мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандўстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

Алимов Б. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like