ҶАВОНОН МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТАНД!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад». Дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мамлакат назаррас мебошад.
Бояд қайд кард, ки яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ин таваҷҷӯҳи бевосита ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пеш гирифт. Ҳанӯз 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул намуд.
Ин бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва пойдории ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ташаккул ва инкишофёбии сиёсати ҷавононро яке аз самтҳо ва ҳадафҳои асосӣ фаъолият медонад.
Имрўз љавонон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад боқї мемонад.
Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои сохибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавонои аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати точик шаҳодат медиҳад.
Насли наврасу ҷавонон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравї намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, ба донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастї барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Салимова М.М. – дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ