Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон набояд масъалаи ҳассос бошад
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати як давлати бузург қарор доштанд ва ин ду кишварро сарҳадҳои маъмурӣ ҷудо менамуданд. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон, зарурати муайян намудани хати Сарҳади давлатӣ бо ин кишвар ба вуҷуд омада, бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташкил гардид.
Бо вуҷуди ин, солҳои охир, хусусан, пас аз авҷи низои фаромарзӣ рухдода муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон торафт ташвишовар мегардад. Зеро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам муноқиша ба амал омада, баъзан задухӯрдҳои байни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрдҳои бузурги низомӣ табдил меёбанд. Сабаби асосии муноқиша рақобат барои захираҳои обӣ ва замини маҳаллӣ ё дурусттараш барои тақсимоти одилонаи онҳо мебошад. Авҷ гирифтани муноқишаҳои солҳои охир дар минтақаи Исфара–Ботканд боиси тағйироти ҷиддӣ дар муносибати Тоҷикистону Қирғизистон гардидааст. Зеро, задухӯрдҳо дар марз моҳи апрели соли 2021 ғайричашмдошт ба муқовимати шадиди ҳарбӣ миёни ду кишвар дар тамоми таърихи пасошӯравӣ табдил ёфт ва ин рӯйдод ба сифати муносибатҳои дуҷониба бетаъсир намемонад.
Ҳамин тавр, рӯйдодҳои бавуқӯъпайвастаи солҳои охир дар хусуси низоъи сарҳадӣ яке аз масъалаҳои ҳассоси миёни ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб рафта, боиси дар ҳар як кишвар пайдо шудани эътирози ҷиддии ҷамъиятӣ гардид. Муноқиша ногаҳон аз муноқишаи байни ҷомеаҳо ва сирф маҳаллӣ гузашта, ба сатҳи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ гузашт, ки ин гуна ҳодиса қаблан дар таърихи Тоҷикистон рух надода буд. Ягона омили воқеан харобиовар муноқишаи Исфара-Ботканд аст, ки дар асл сифр маҳаллӣ мебошад. Илова бар ин, сарфи назар аз мураккабии худ ин нофаҳмӣ ва ихтилоф ҳалнашаванда ба назар намерасад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҷаҳон бисёр муноқишаҳои наздисарҳадӣ мавҷуданд ва оштинопазир буданд – аммо онҳо бомуваффақият ҳалли худро ёфтаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли ниҳоии муноқиша коршиносон бар он назаранд, ки бояд ҳарчӣ зудтар ҷудосозии сарҳад ба анҷом расонида шавад, ҳамчунин масъалаи мақоми роҳи гардиш дар Ворух ва тақсими оби ҷоришаванда дар минтақаи маркази тақсимоти Головнойро ниҳоят ҳал кардан лозим аст. Сухан пеш аз ҳама дар бораи тақсимкунии минтақаҳои баҳсбарангез дар атрофи анклави Ворух ва дар мавзеи Хоҷаи Ало ва Аксай меравад, ки дар онҷо бештари задухӯрдҳо ба амал меоянд.
Дар баробари ин, айни замон, ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз манфӣ дида, бештар мусбат вуҷуд дорад. Зеро, омилҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ба наздикшавии Тоҷикистону Қирғизистон – ин ду кишварҳои ҳамсоя мусоидат мекунад, аз қабили таърихи умумии шӯравӣ, манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ, назари якхела ба мушкилоти минтақа ва ғайра.
Ҳарду кишвар танҳо аз рӯи ҷуғрофия барои ҳамдигар аҳамияти стратегӣ доранд. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, иқтисоди Қирғизистон аз бисёр ҷиҳат ҳамчун як маркази тиҷоратию нақлиётии минтақавӣ сохта шуд. Сабаби ин мавқеи ҷуғрофии кишвар, ҷойгиршавии он дар чорроҳаи алоқа байни Чин ва Ғарб, инчунин шимол ва ҷануби Авруосиё буд. Маҳз дар ҳамин ҷо буриши манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодии Бишкек ва Душанбе сурат мегирад. Ҳамин тариқ, барои Тоҷикистон муносибатҳои хуб бо ҷумҳурии ҳамсоя маънои бори дигар вуруди алтернативӣ ба бозори Чинро дорад.
Пӯшида нест, ки сарфи назар аз зуд-зуд авҷ гирифтани мушкилоти марзӣ, омори расмӣ нишон медиҳад, ки тиҷорати босуръат ва ҳамкориҳои наздики иқтисодӣ байни кишварҳо суръат мегирад. Бинобар ин, вақти он расидааст, ки барои ҳалли низои сарҳадӣ равишҳои нав таҳия карда шавад: имрӯз ба ҳеҷ ваҷҳ набояд роҳ дод, вазъ дар сарҳад дубора шиддат гирад. Зеро ҷангу хунрезӣ ҳеҷ гоҳ хушбахтӣ наовардааст. Баръакс, он сабабгори бадбахтии зиёд дар ҳаёти одамони сулҳсубот мегардад. Мардуми тоҷику қирғиз аз азал ба дӯстию рафоқат, фарҳанги ҳамсоядорӣ арҷ гузошта, асрҳост, ки паҳлу ба паҳлуи ҳам кору зиндагӣ менамоянд. Бо ҳам муносибати зичи хешутаборӣ пайдо намудаанд. Танҳо дар сурати ризояту ҳамдигарфаҳмӣ метавон бо истифода аз сарвату неъматҳои табиӣ бидуни ҳеҷ мушкил зиндагӣ ва Ватан обод кард.
Салимова М. М. – н.и.и., дотсент
мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ