РӮЙДОДҲОИ АХИРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва кирдорҳои аз ҷониби марзбонони қирғиз содиршуда, ки омил ба марг ва захмӣ шудани чандин нафар гардид, баёнгари он ҳастанд, ки ҳарчанд мо тоҷикон дар муносибат ба қирғизҳо оини ҳамсоягиро дар асоси меёърҳои олии ахлоқи инсонӣ раво медорем, аммо қирғизҳо ҳамеша баръакси чунин муносибатҳо рафтор намуда, ҳатто аз доираи тамоми меъёрҳои ахлоқиву қонунӣ берун мераванд. Чандин маротиба такрор ёфтани чунин бархӯрдҳо аз он дарак медиҳанд, ки шояд сокинони кишвари ҳаммарзи мо, ҳатто намояндагони мақомоти қудратӣ аз таммулпазирии халқи тоҷик истифода бурда, ба сӯи мардуми бегуноҳ ва бесилоҳ оташ мекушоянд. Фоҷиаи сахте, ки марзбонони қирғиз ба сари чанд хонаводаҳои деҳоти Ворух ва Хоҷаи Аъло оварданд, мусибати танҳо мардуми Исфара нест, балки мусибати дарднокест, ки имрӯз қалби тамоми мардуми Тоҷикистонро озурда кардааст.
Саркунандагони ин муноқишаҳо, чунин вонамуд доранд, ки гӯё коре нашудааст. Ин дар ҳолест, ки бояд онҳо дар навбати аввал дар назди виҷдони худ посух гӯянд. Ҳатто узри бадтар аз гуноҳ ҳам напурсида, омода ҳастанд, ки баробар ба даст задан ба чунин амалҳои нангин боз тарафи Тоҷикистонро гунаҳкор созанд. Бо сабаби он ки ҷинояти нангини онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон содир шуда, бояд дар баробари дар назди қонунҳои амалкунандаи кишвари мо посух гуфтан, дар назди қавонини байналмилалӣ, ки масоили марзӣ, муносибатҳои байнимиллатҳоро танзим мекунанд, ҷавоб бигӯянд.
Ҳарчанд қиргизҳо бидуни ягон асос ва ё санадҳои дар ихтиёрдошта даъвои заминҳои мазкур мекунанд, мардуми тоҷик ҳам бегумон бар асоси иттилои сарчашмаҳои куҳани таърихӣ, ки ин манотиқ маҳалли зисти аҳолии тоҷиктабор буда, ҳатто номи он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки аслан аз ҳамин марзҳо баромада, дар интишори забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар қаламрави Ҳинд ва сарзаминҳои дигар нақши муассир гузоштаанд, метавон дар шинохти ҳаққи таърихии хеш даъвоҳое бар пояи асосҳо ва мабоҳиси илмӣ дошта бошанд. Ҳатто агар ба таркиби луғавии ҳамин номи шаҳри “Боткенд”, ки дар асл вожаи суғдии “Бодканд” берун омада, ба маънии шаҳри бод истифода мешавад.
Дар қаламрави таърих аз ҷумла ва бегумон ягона меросбарони забон ва фарҳанги суғдии марзҳои Фароруд тоҷикон ҳастанд, ки ҳақи комили соҳиби ин мерос буданро доранд. Бо ишорат ба ин чанд санади таърихӣ, ки дар арзишмандтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ ҷой гирифтаанд, албатта мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ надорем, баръакс бо зикри ин матолиб мехоҳем танҳо ин нуктаро изҳор дошта бошем, ки ин ҳақиқатҳои таърихӣ, ки ҳаргиз аз сафҳаҳои хотираи башарият зудуда намешаванд ва ба унвони далоли таърихӣ ҳамеша бо мо ва аз мо ҳастанд.
Дар ҳоле, ки бидуни дар ихтиёр доштани ҳеҷ санаду далел барои замину обу хоке, ки он дар асл мутааллиқ ба офарандаи он Офаридгори бузург аст, даст силоҳ бардошта, зомини рехтани хуни чандин нафар одамони бегуноҳ гардидаед. Бо ин ҳама, мардуми тоҷик мисли ҳамин фарзандони фарзонааш, ки ҳатто аз марзҳои ба истилоҳ мутааллиқ ба ҷуғрофиёи кунунии Қирғистон ҳамчун намояндаи миллати тоҷик берун омаанд, танҳо тавассути фарҳангу адабиёту маърифат ба сӯи ҷаҳон, тамоми мардуми олам роҳ кушодаанд, на силоҳу тӯфанг. Ҳатто ба ҳамин тирҳои ба сӯяш мисли имрӯз кушодаи бегонагон ҳам сина сипар кардаанд, дили бузурги хешро пешкаш намудаву дар баробари зуҳури ҷасорат ва диловариву мардонагии худ ба душманиҳову нифоқангезиҳо бо муҳаббат посух гуфтаанд, то кинаҳо аз миён равад. Вале афсӯс ин ҳақиқати рӯшан ва ин муҳаббати посдошти ҳаққи ҳамсоягӣ аз сӯи ҳамсоягони қирғизи мо дуруст маърифат намешавад ва онҳо бо сангандозиву ҳуҷум ба хонаҳои мардуми бегуноҳ аҳди ҳамсоягиро солҳост мешикананд.
Аммо набояд фаромӯш созед, ки ин кори душманонаи гуруҳҳои муайян на танҳо ба манфиати мардуми мо, балки ба манфиати мардуми қирғиз нест, зеро имрӯз дар тамоми ҷаҳон эълон шуд, ки Шумо даст ба яроқ задаву хуни бегуноҳонро рехтед. Ин доғе хоҳад буд, ки садсолаҳо ба домани таърихи миллати худатон боқӣ мемонад.
Салимова М.М. – дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ