МО ҶОНИБИ СУЛҲУ АМНИЯТИ КИШВАРЕМ!
Имрўзҳо марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз муаммоҳое маҳсуб меёбад, ки дар пойдор шудани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар мамлакат таъсир мерасонад. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори оромӣ дар кишвар ва якдилию иттиҳодиро дар замири қалби хеш мепарваранд.
Воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба давлати мо харобиҳои зиёдеро ба бор овард, қайд кардан зарур аст. Рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар ш. Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар ҳамин Иҷлосия сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардида, савганд ёд карданд, ки он чунин омадааст: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем».
Ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқамон дохил шуда, дар рафти он на танҳо сарбозон, балки ҳазорон шахсони оддии бегуноҳ қурбон гардиданд. Шумораи фавтидагон ба ҳазорҳо нафар расид, ки чунин талафотро халқи тоҷик дар таърихи қарнҳои охири худ намедонист. Ҷанги бемаънии бародаркуши ба хоҷагии халқ низ зарари калон расонид.
Муносибати ҳамаҷонибаи ду кишвари ҳамсоя, ки ҳалли хешро оиди марз ва истифодаи об, ки рўзҳои наздик ба вуқуъ омад, барои аз байн рафтани нофаҳмиҳо бо роҳбарони намояндагони ин ду давлат ҳал гардид, умед бар он дорем, ки байни онҳо якдигарфаҳмӣ ва роҳи ҳалли ин мушкилот ба миён меояд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо назардошти тамоми имкониятҳо кўшиш намуда истодааст, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар чораҳои мушаххас андешида, оромӣ ва ҳимояи аҳолиро таъмин намояд. Сарбозони шуҷоъ ва далеру нотарс имрўз ҳудуди кишвари моро аз ҳолатҳои ногувор эмин нигоҳ дошта, қувваҳои хешро сарф намуда истодаанд.
Ҷумҳурии Қирғизистон наметавонад, вазъи оромии мамлакати моро бо ҳар гуна баҳонаҳои иғвоангез халалдор гардонида, соҳиби молу мулки Тоҷикистони азизи мо гардад.
Ин вазъият агар ҳалли худро наёбад, дар оянда мисли ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ омада, харобиҳои зиёдеро бар сари аҳолӣ меорад.
Мо тоҷикистониён ҳамеша ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд ва ягона будем, ҳастем ва то абад ҳифз менамоем!
Қоситов Ҷ.- ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ