Самтҳои афзалиятноки таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Самтҳои афзалиятноки таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти ин мавзӯъ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ доир гардид. Семинар бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 ”Солҳои рушди саноат” баргузор гардид.
Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихор аст, ки дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоҳида таъкид намудаанд, ки: “Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд”.
Дар идомаи кори семинар олимону коршиносон ва устодон дар мавзӯҳои –самтҳои ҳуқуқии таъмини рушди саноатикунонӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми ҳуқуқии таъмини рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи саноат, оид ба баъзе масъалаҳои заминаи ҳуқуқии саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, масъалаҳои рушди робитаҳои байналмилалӣ дар Паёми Пешвои миллат ва ҳоказо маърӯзаҳо ироа карданд.
Семинар бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ хотима ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






