Ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ба ДДҲБСТ 

31 марти соли 2022   бо ташаббуси Сафорати  Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон, сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ва котиби тиҷоратии  сафорати Покистон  дар Тоҷикистон Рашид Имтиёз ба  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов, мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,  дотсент Абдураҳим  Ҷӯраев, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Надежда Блиничкина ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Комилҷон Шарипов пешвоз гирифтанд.

Вохӯрии мазкур дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Нахуст, роҳбари донишгоҳ  меҳмононро пазируфта, барои ташрифашон миннатдории самимии худ ва раёсати донишгоҳро баён кард.  Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои академии ДДҲБСТ бо донишгоҳу донишкадаҳои Покистон баррасӣ гардиданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар барои  пайдо намудани имконияти вохурӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ ба ректор ва раёсати донишгоҳ миннатдории худро баён намуд.

Имрон Ҳайдар қайд кард, ки ин сафар ба шаҳри бостонии Хуҷанд ва ДДҲБСТ бори дуюм аст. Таъкид карда шуд, ки бо сабаби паҳншавии бемории COVID-19 ҳамкориҳо аз рӯи вохӯрии аввал каме ба таъхир афтод. Сафир иброз дошт, ки пас аз мулоқоти мазкур ҳамкориҳои донишгоҳҳои Покистон ва ДДҲБСТ дар фурсати кӯтоҳтарин ба роҳ монда мешавад.

Пас аз мулоқот лексияи  Сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ  доир шуд.  Ҷаноби сафир қайд кард, ки ҳадафи асосии ташриф ба ДДҲБСТ- вохурӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои рушди муносибатҳои академии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон мебошад.

Ӯ дар мавзӯи “Рушди ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон” баромад намуд. Дар презентатсия маълумоти мухтасар дар бораи Покистон, асосан дар бораи иқтисодиёт ва роҳҳои рушди он, инчунин дар бораи самтҳои муҳимтарини ҳамкории иқтисодии Покистон ва Тоҷикистон, роҳҳои такмили ин ҳамкориҳо ба иштирокчиён пешниҳод гардид.

Дар навбати худ котиби  тиҷоратии сафоратхонаи Покистон Рашид Имтиёз оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон ва дар бораи корхонаҳои муштараке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд, маълумоти оморӣ пешниҳод намуд.

Баъд аз презентатсия аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ ба Имрон Ҳайдар ва Рашид Имтиёз саволу ҷавоб сурат гирифт. Бояд қайд намуд, ки лексия пурра бо забони англисӣ баргузор гардид ва донишҷӯёни ДДҲБСТ дониши хуби зобони англисиашонро нишон доданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like