ХАЛҚИ ТОҶИК ТАРАФДОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари хирадманду дурандеш ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ сабаби ишғол намудани мавқеи хоси худ гардидааст. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 193 кишвари ҷаҳон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ шинохтанд. Инчунин Тоҷикистон имрӯз бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст ва бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд дорад.   Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз кулли мардуми Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хамаҷониба тарафдорӣ менамояд.

Дар муддати хело кутоҳ кишвари азизамон ба миқдори зиёди дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, ҷомеъашиносиву дунёшиносиро ноил гардид.

Аммо садҳо афсӯс, ки имрӯзҳо душманони халқи тоҷик ба монанди Гурӯҳи 24, аъзоени ТЭТ ҲНИ ва дигарон мехоҳанд тинҷию оромии ватанамонро вайрон кунанд ва ба сари мардуми Точикистон фоҷиаи нангинро бор кунанд. Ба касе пӯшида нест, ки душманони халқ барои туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “тӯҳфаҳои гарон” мегирад.

Дар изҳороти худ мехостам ба ҳар як фарди кишварамон, алалхусус ба ҷавонон муроҷиат карда қайд намоям, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани ингуна амалҳои носазо мубориза баранд ва барои эъмини фазои орому осиштаи Ватан кӯшиш ба харҷ дода, саҳми арзандаи худро баҳри ҳимояи он гузоранд. Ҳар як фарди миллатамон вазифадор аст, ки зидди терроризиму экстремизм, бахусус чаҳонбинии “сиёҳу сафед” мубориза баранд. Озодиро дар ватандорӣ бояд дид. 

 

Қосимова Д.И. – муаллимаи калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

 

You might also like