Вусъати корҳои созандагӣ дар ДДҲБСТ

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар гӯшаву канори кишвари азизамон дар Донишгоҳи давлатиии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ бунёдкорӣ ва хуррамгардониву ободонӣ вусъати тоза касб менамояд.

Имрӯзҳо корҳои бунёдкорӣ дар бинои иловагии таълимӣ бо тарҳу намои замонавӣ ҷараён дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, синфхонаҳо, долону маҷлисгоҳ ва лабараторияҳои он таъмир гардида,  90 дарсаи корҳо ба анҷом расидааст. Ҳоло корҳо дар намои берунаи бинои иловагии таълимӣ  ва маҷлисгоҳи навбунёд идома дошта, инчунин коргарон  саҳн ва роҳравҳои биноҳои навбунёдро сафолакпӯш намуда истодаанд.

Дар саҳни бинои асосиву таълимии донишгоҳ низ гулҳои ороишиву дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд, ки ба зебогии донишгоҳ ҳусну таровати дигар зам менамояд. Бо вусъати корҳои созандагӣ дар муддати кӯтоҳ бинои таълимии иловагӣ бо лавозимоти хониш ва дастгоҳу техникаҳои муосири раванди таълим муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар пайравӣ ба кору пайкори бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро минбаъд низ идома хоҳанд дод.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like