ДДҲБСТ: Баргузории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ
Миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошад. Дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар фарди равшанфикри ҷомеа мебошад.
Бо мақсади тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани омодабошии ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯён бахшида ба 29 –солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур аз ҳисоби донишҷӯёни шаш факултети донишгоҳ, ки ҳайати дастаҳо иборат аз 10 нафарӣ буданд, ба мусобиқа ҷалб карда шуданд. Мусобиқаи мазкур байни дастаҳо аз рӯи намудҳои ба қадами сафӣ гузаштан, ёрии аввал ба ҷабрдида (60м), вазнбардорӣ (гир 24кг), ҳаво додани норинҷак, кашидани арғамчин (даставӣ), гӯштини камарбандӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳи оташфишон баргузор шуд.
Ғолибони мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ ба тариқи даставӣ муайян карда шуданд. Дар натиҷа, ҷойи аввалро дастаи факултети молия сазовор гардида, дастаҳои факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ҷойи дуюм, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дастаҳои ғолиб дар чорабинии тантанавие, ки ба ифтихори солгарди навбатии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, бо мукофотҳои пулию тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа















