Баргузории семинари илмию назариявии машваратӣ
20-уми январи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва инноватсия бо иштироки доираи васеи ҳайати профессорон, докторантон, устодон, унвонҷӯёни донишгоҳ ва меҳмонони дигар донишкадаю донишгоҳҳо “Семинари илмӣ – назариявӣ” баргузор гардид.
Семинари илмӣ – назариявиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Тӯрақул Ризоқулов оғоз намуда, ҳамаи иштироккунандагонро ба ин даргоҳи маърифат хайрамақдам гуфт. Сипас, Ризоқулов Т.Р аз рӯи барнома оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли нишаст ибрози ақида намуд. Мавсуф паҳлӯҳои паёмро ба таври илмӣ ва амалӣ бо слайдҳо манзури аҳли нишаст кард. Доир ба масъалаи дуюм низ дар мавзӯи “Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Низомномаи шўрои диссертатсионӣ (тағйирот дар иҷрои рисолаҳои илмии номзадию докторӣ ва фаъолияти Шўрои диссертатсионӣ) Тӯрақул Ризоқулов перомуни тағиротҳое, ки дар низомнома нишон дода шуда буд, ба иштироккунандагони семинари илмӣ – назариявӣ ба тафсил маълумот дод. Оиди масъалаи сеюми барнома котиби шӯрои олимони донишгоҳ Ҳикматуллоев И, дар мавзӯи “Тағйирот дар тартиби додани унвонҳои илмӣ” сухан намуда, барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои дотсентӣ ва профессорӣ аз рӯи низомнома, талаботи КОА-ро манзури устодон намуд.
Доир ба масъалаи чаҳорум “Тартиби нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» котиби масъули маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» Самеев А баромад кард. Котиби масъули маҷалаи «Ахбори ДДҲБСТ» дар баромади худ қайд намуд, ки он мақолаҳои илмие, ки ба шуъба ворид мешаванд, ҳаматарафа таҳлил намуда, баъдан тақриқӣ дохилӣ ва беруна чоп карда мешаванд.
Дар идома, доир ба чопи мақолаҳо дар маҷаллаи “Индекси иқтибосоварӣ” (ХИРШ) ва тартиби бақайдгирии муаллифони мақола дар китобхонаи илмии электронии «eLibrary.Ru”, муҳаррири маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» Шомуродова О.Б ақидаҳои худро баён намуд.
Пас аз баромади устодон бо аҳли нишаст саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ сурат гирифт. Баромадкунандагон ба ҳамаи саволҳое, ки аз тарафи иштироккунандагон дода шуд, ба таври илмӣ посух доданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





