ХИЁНАТКОРҲОИ ТЕРРОРИСТИ ВА ЭКСТРИМИСТИИ  МУҲИДДИН КАБИРӢ БО ПАЙРАВОНИ ТЭТ ҲНИ

Мувофиқи иттилоотҳо маълум аст ки, макони сарпаноҳи Муҳиддин Кабирӣ   давлатҳои кишвари ҳамсоя Аврупо. Дар ҳудуди ин мамлакатҳо ҷой доштани чунин ашхосон ба монанди М.Кабирӣ, М.Садриддин, Ҳусейн Ашӯров, ва дигарон фикрҳои ғаразнокдошта ба инкишофи ин мамлакат бетаъсир нахоҳад монд.

Мақсаду мароми шахсону гурўҳҳои алоҳида, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ  ин террористӣ ва экстремистӣ бо дасисаву моҷаро ва дигар роҳҳо вазъӣ ороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, хоса пайравони дини исломро халалдор ва оғўштаи хуну оташ гардонидан асту бас. Чун аксарияти мардуми кишвар мусулмонанд, аз чашми бади ин гуна ашхос ва гурўҳҳои ҷиноятпешаи дохиливу хориҷӣ дур намондаанд. Ҳарчанд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳифзи тартиботи ҷомеа меҳнати шабонрӯзӣ доранд, боз ҳам душманон ва хоинони миллат фурсати муносибро ҷӯё мешаванд. Амалкарди ТЭТ ҲНИ ва ба давлатҳои исломӣ рафта ба сафи ДИИШ пайвастани шаҳрвандони кишвар шаҳодати гуфтаҳои болоянд. Таърих собит месозад, ки ҳар кори нек ва ё баде, ки дар зиндагӣ аз ҷониби инсон содир мешавад ҳатман сазояшро дар ин дунё хоҳад дид. Ҳамзамон аз нигоҳи дини мубини ислом низ чунин роиҷ аст, ки «агар заррае некӣ кунӣ, мебинӣ ва заррае бадӣ кунӣ мебинӣ». Бо дарки ин нукта, донишҷўён ва устодони донишгоҳ ва сокинони Ватани азиз барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои гул-гулшукуфоии кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Албатта, мукофоти амали нек ҳатман сазояш некист. Ин аст, ки мардуми мо бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби кишвар подоши амалҳои неки хешро гирифта, барои расидан ба ормонҳои давлатдории навини миллӣ марҳила ба марҳила мушарраф гардида истодаем.

Дар ин замина, боз иддае аз гумроҳону нохалафоне ҳастанд, ки бо супориш ва ҳидоятҳои хоҷагони хориҷиашон амал намуда, аз пешрафтҳову шукуфоии Ватан дида наметавонанд. Ин нохалафон нақшаву ниятҳои нопок дошта, рисолаташон харобкориву даҳшатафканӣ ва бадномкунии дини мубини ислом аст. Аз табори чунин нохалафон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мебошанд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии ин ҳизб роҳашон норавшану номуайян буд ва нақшаву нияти ғаразнок доштанд. Онҳо ҳамчун аслиҳа, «робот» ва бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ амал намуда, аз хати кашидаи онҳо берун намераванд. Барои эҳтироми хоҷагонашон ҳатто аз баҳри падару модар, аҳлу пайвандон, зану фарзанд ва азизтарин инсонҳои барояшон муқаддас мебароянд.  Террорист Муҳиддин Кабирӣ аз табори чунин зархаридони хоҷагони хориҷист, ки пас аз мағлубияти ҳизбаш дар интихоботи соли 2015 роҳ ба сўи хоҷагонаш пеш гирифта, барои амалӣ намудани супоришҳои ғаразноки онҳо аз берун истода кўшиш мекунад. Борҳо тариқи расонаҳои хабарии хориҷ даст ба бадномкунии миллат задааст. Аз рафтори ин гумроҳ маълум мегардад, ки роҳи ояндаи ў норавшан буда, ниёзи бештар ба маблағҳову сармояҳои хоҷагонаш дорад. Боварии комил дорем, ки кадом хоҷае, ки барои Кабирӣ маблағҳои зиёде пешниҳод кунад ў ҳатман аз баҳри модару ватан мегузарад. Чунин инсонҳое, ки роҳи муайян надоранд ва самти ҳаракаташон норавшан аст бештар ба ҷомеа ва аъзову наздикон хатар доранд ва моро зарур аст, ки садди роҳи онҳо гардида, нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири ногузири хешро расонанд.

Агар ба моҳияти фаъолияти ташкилоту созмонҳои ифротӣ, ки бо омезиш ба номи поки дини мубини ислом сурат мегирад назар афканем маълум мегардад, ки ҳадафи аслии онҳо бо истифода аз иродаи эътиқодии мардум ва пайравӣ ба дин афзун намудани сафи аъзо, пайравону ҷонибдорон маҳсуб ёфта, пас аз афзудани аъзоёну ҷонибдорон амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилона тарҳрезӣ мегардад. Далели равшани гуфтаҳои боло фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломист.

Имрӯз мо бояд баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии ҲНИТ камари ҳиммат баста, зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик мубориза мебарем, аз ин бешарафони бадтинати намакзада дурӣ ҷуста, намегузорем фазои ороми Ватани муқаддасамонро дубора ғуборолуд созанд.

 

Норматова Ш.М. – мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like