ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ ҶАВОНОН

Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарчашмаи бузургу беназири илмӣ-таърихӣ дар омӯзиши таърихи давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад.

Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарчашмаи бузургу беназири илмӣ-таърихӣ дар омӯзиши таърихи давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Осори пурмуҳтавои Пешвои миллат барои наслҳои имрӯзу фардои мамлакатамон ҳамчун мактаби бузурги худшиносӣ ва омили калидии ташаккули шуури миллии ҷавонон ба шумор меравад. Аз ҷумла китобҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, аз ҷумлаи гаронбаҳотарин осори илмию таърихии роҳбари давлат ба шумор мераванд, ки заминаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсии давлатдории миллиро таҷассум ва таҳаввулоти тарихии низоми давлатдории миллиро аз дидгоҳи илмӣ таҳлил менамоянд. Бешак, мутолиаи ин асарҳо маърифат ва ҷаҳонбинии насли ояндасози кишварро васеъ намуда, масунияти маънавии ҷавононро бар зидди омилҳои таҳдидоваре, ки пояҳои ҳастии миллатро заиф месозанд, тақвият мебахшад.
Яке аз асарҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” аст, ки роҷеъ ба мавзӯҳои тамаддуни Ориёӣ, мубориза барои озодӣ ва ҳувият, давлати Сомониён — авҷи давлатдории миллии тоҷикон дар асоси асарҳои илмӣ мафассал маълумот дода, муаллиф афкор ва пешниҳодҳои худро барои ташкили давлати навбунёд ва сабақ гирифтан аз таҷрибаи аҷдодону гузаштагон, ба тариқи зайл баён кардааст: “Танҳо оинаи таърих, басо нозуку комил омӯхтани даврони гуногуни давлатдории аҷдодон чашми худшиносии моро мекушояд ва пайванди моро бо гузаштагон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд.”
Дар таълифоти худ Пешвои муаззами миллат доир ба пайдоиш ва таърихӣ забони тоҷикӣ дар заминаи пажӯҳиш ва таҳқиқоти таърихчиёни Осиёии Миёна ва Аврупо ақида ва назарияҳои ҷолибро пешниҳод ва асоснок менамоянд. Сарвари давлат бо такя ба осори шарқшиносону бостоншиносони барҷаста, таърихи забони модариро аз доираи маҳдуди ҳазорсола берун кашида, қадимияти дуҳазорсолаи онро бо асноди раднопазир исбот мекунанд. Ин равиши илмӣ ва таърихӣ бевосита барои бедории ифтихори миллӣ ва худшиносии насли имрӯзу фардо хизмат менамояд.
Дар ин замина, хулосаҳои асосии пажӯҳишҳои Пешвои миллатро, ки барои ташаккули ҳувияти насли наврас ниҳоят муҳиманд, метавон чунин гурӯҳбандӣ кард:

  • Мақоми забон ҳамчун нигаҳдорандаи хотираи миллат: Танҳо забон аст, ки дар тӯли асрҳо таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ ҳифз мекунад ва барои зуҳур ёфтани ҳисси худшиносии ҷавонон замина мегузорад.
  • Далелҳои муътамади таърихию филологӣ ва назарияҳои фундаменталии шарқшиносӣ доир ба қадимияти забон: Бо истинод ба таҳқиқоти Кристенсен, Баҳор ва асноди кашфшудаи Сурхкӯталу Работак, Сарвари давлат нишон медиҳанд, ки модарзабони мо (забони бохтариву тахорӣ) 1800-2000 сол пеш забони расмӣ, адабӣ ва дарборӣ будааст.
  • Мақоми байналмилалӣ доштани забонҳои бостонии эронии шарқӣ: Дар асрҳои аввали ислом, дар ҳоле ки забони дарӣ давраи ташаккули навро тай мекард, забони суғдӣ ҳамчун забони байналмилалии Осиёи Марказӣ аз Самарқанду Бухоро то сарҳадҳои Чин нуфуз дошт.
  • Заминаҳои ташаккули таърихии сайқали забон барои зуҳури падидаи адабии Устод Рӯдакӣ: Пухтагӣ ва ширинии насру назми асри X нишон медиҳад, ки забони модарии мо парваришёфтаи қарнҳои дуру дароз аст, ки тавонистааст заминаи офариниши шеъри баланди устод Рӯдакиро фароҳам созад.
  • Ибрат аз фоҷиаҳои таърихӣ: Сӯзондани марказҳои илмиву адабӣ аз ҷониби аҷнабиён таърихи моро ба таназзул бурд, ки ин барои ҷавонон дарс ва ҳушдорест барои ҳифзи суботу амнияти кишвар.
  • Бозгашт ба арсаи сиёсии ҷаҳон: Касби Истиқлолият дар соли 1991 ба халқи тоҷик имкон дод, ки пас аз ҳазор соли маҳрумият аз давлатдорӣ дубора соҳиби сарнавишти хеш гардад ва забони худро ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид кунад.
  • Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии насли ҷавон: Сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ нишон медиҳанд, ки ҷавонон набояд фирефтаи ақидаҳои хурофотпарастӣ ва фатвоҳои сохтаи иғвоангезон шаванд, балки ҳувияти худро дар меҳвари фарҳангу забони миллӣ ҳифз намоянд.
  • Пайванди гузашта бо ояндаи муосир: Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки рӯ овардан ба таърих ба маънои рад кардани муосирият нест, балки ҷавонон бояд бо омезиши мероси аҷдодӣ ва технологияи муосир Тоҷикистонро ба сӯйи пояндагӣ баранд.

Ҳамин тариқ, муҳтавои ин асарҳо на танҳо дониши таърихӣ медиҳанд, балки ҷавонони моро аз ҷиҳати маънавӣ мусаллаҳ намуда, ба сипари боэътимоди ватан табдил медиҳанд. Омӯзиши амиқи ин осори бунёдӣ масъулияти шаҳрвандии ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад. Насли ҷавон бо такя ба ин сарчашмаҳои беназир метавонад дар замони муосир рисолати таърихии худро ҷиҳати ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди устувори давлати миллӣ сарфарозона иҷро намоянд.

Дилфузаи Ислом, ассистенти кафедраи забони англисӣ

факултаи педагогӣ ва филолгии ДДХБСТ,

докторанти (PhD)-и курси 3-юми факултаи забонҳои хориҷии ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров

You might also like