ТОҶИКИСТОН ВА РАВАНДИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР АФҒОНИСТОН

Мусаллам аст, ки вазъи Афғонистон ва таҳаввулоти имконпазир дар ояндаи наздик, наметавонад Тоҷикистонро низ бетавофут гузорад. Зеро таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба вазъи ин кишвар дар баробари омили муштаракоти забонӣ ва фарҳангию мазҳабӣ ба роҳандозии стратегии ҷумҳурӣ иртиботи бевосита дорад. Чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 марти соли 2013 дар маросими кушодашавии бинои нави Вазорати корҳои хориҷии кишвар изҳор намуд, «ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Афғонистони ҳамҷавор, оромӣ, амният ва суботи сиёсӣ дар он ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад.

Бо назардошти ин, Тоҷикистон дар маркази муносибатҳои худ бо Афғонистон маҳз мусоидат ба сулҳу субот ва эҳёи иқтисодию иҷтимоии онро гузошта, иқдомҳои худро дар ин самт дар чаҳорчӯби чунин сиёсат тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд.

Баъд  аз  воқеаҳои  9  сентябри  соли  2001  Тоҷикистон  ҳамчун  идомаи  мантиқии  сиёсати  худ  ҷиҳати  барқарорсозии  сулҳу  субот  дар  Афғонистон  аз  таъсиси  Ҳукумати  нави  ин  кишвар  бо  роҳбарии  Ҳомид  Карзай  дастгирӣ  намуд.

Барқарорсозии  сулҳу  субот дар  Афғонистон  барои  Тоҷикистон  аҳамияти  хосса  ва хислати  принсипиалӣ  дошта,  масъалаи  мазкур  ҳамеша дар  маркази  таваҷҷуҳи  роҳбарияти  ҷумҳурӣ  қарор  дошт. Роҳбари  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳанӯз  29  сентябри  соли  1993  дар  суханронии  худ  дар  Иҷлосияи  48-уми Ассамблеяи  Генералии  Созмони  Милали  Муттаҳид  таъкид  намуда  буд, ки  дастгирии  кӯшишҳои  роҳбарияти  Афғонистон  ҷиҳати  барқарор  намудани  сулҳу  оромӣ дар  сарзамини  машаққатдидаи  афғон  на  фақат  ба  манфиати  ин  кишвар  ва  минтақа,  балки  ба  манфиати  тамоми  сайёра  мебошад.  Сарвари  Тоҷикистон,  аз  ҷумла,  таъкид намуда буд, ки «вақти он расидааст, ки дар ин ҷо ба  барқарор кардани ҳаёти осоишта ёрӣ расонда шавад»

Лозим ба таъкид аст, ки зимни ин тамоми кӯшишҳои дипломатии Тоҷикистон ҳамеша барои бо роҳҳои сиёсӣ ҳал намудани муноқишаҳои мусаллаҳонаи дохилии Афғонистон равона  шуда  буд.

Бо  назардошти  аҳамияти  масъала  ва  таҳдиду  хатари он  ба  тамоми  кишварҳои  ҷаҳон  Тоҷикистон  аз  ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ба роҳ мондани муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи мухаддир пайваста даъват ба амал меовард. Чунончи, дар вохӯрии ғайрирасмии вазиро-ни корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар доираи мавзӯи “Афғонистон ва ҳамсояҳои он” (14 декабри соли 2008, Париж) роҳбарияти ҷумҳурӣ бори дигар пешниҳод намуда буд, ки бо иштироки кишварҳои ҷонибдори стратегияи Ҳукумати Афғонистон оид ба мубориза бо қочоқи мухаддирот дар Душанбе Маркази зидди маводи мухаддир таъсис дода шавад. Айни  ҳол  бо  назардошти  як  қатор омилҳои  дохилию  берунӣ  вазъи  ҳарбӣ-стратегӣ  ва  сиёсии  Афғонистон  мураккаб  ва  муташанниҷ  боқӣ  мемонад.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  қаринаи  хуруҷи  неруҳои Эътилофи  байналмилалӣ  аз  Афғонистон  умедвор  аст, ки  Эътилоф  уҳдадориҳои  худро  дар  мавриди  таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ба анҷоми мантиқӣ хоҳад расонд  ва  он  муваффақиятҳое,  ки  дар  давоми  зиёда  аз  даҳ соли  охир  дар  ин  самт  ба  даст  омадаанд,  дар  марҳилаи баъд  аз  соли  2014  тақвияти  бештар  касб  мекунанд.

Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки сиёсати истиқрори сулҳу субот дарАфғонистон идома ёфта, он бо барномаҳои  эҳёи  иҷтимоӣ-иқтисодии  ин  кишвар  тақвият дода шавад. Зимни ин, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториву коммуникатсионӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва таълимӣ бояд ба  сифати  меҳвари  ин  барномаҳо  қарор  гиранд.  Ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки танҳо бо ҳамин роҳ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба мақсади ниҳоии худ – таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва ҳаёти арзанда барои мардуми он ноил гардад.

Дар ин росто, пеш аз ҳама бояд дарк намуд, ки саҳми ҳар як кишвар дар ҷодаи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон сарфи назар аз ҳаҷми он, метавонад нақши муҳим дошта бошад. Роҳбарияти Тоҷикистон сиёсати худро дар ин ҷода маҳз аз ҳамин нуктаи назар бемайлон роҳандозӣ менамояд.

 

Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like