Сиёсати иқтисодӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлату ҳукумат ба ғайр аз мушкилоти сиёсӣ, пеш аз ҳама мушкилоти иқтисодӣ меистод, ки бо андешидани чораҳои муассир ва сиёсати дуруст дар давоми 20 сол (рушди иқтисодӣ аз соли 2000, баъди суботи сиёсӣ, ба назар расид), дараҷаи рушди он на танҳо ба сатҳи соли 1991 расонида шуд, балки маротибҳо зиёд гашт. Барои ноил шудан ба суратнокии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи миллӣ қабул шуд, ки заминаҳои он чабабҳо ва заминаҳои зерин буданд, ба монандӣ:

  1. Рақобатпазир набудани корхонаҳои аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ меросмонда, ки дар рақобат аз ҷиҳати самаранокӣ ва ҳатто аз рӯи меъёрҳои сифати маҳсулот пасттар буд. Иқтисоди бозорӣ, алахусус барои иқтисодиёти хурд, дарҳои боз ва иштирок дар тақсимоти байналмилалии меҳнатро амр медиҳад, ки метавонад ба тағйироти сохторӣ оварда расонад. Инчунин, фондҳои асосии мавҷуда дар давраи гузариш аз ҷиҳати маънавӣ фарсуда шуда, аз ҳад зиёди гузаштани сармоя ба соҳаи бизнеси хурд ба амал меояд.
  2. Сабаби асосии бӯҳрони иқтисодӣ ин сохтори иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Асоси иқтисодиёт дар заминаи кишоварзӣ ташаккул ёфт ва рушди саноати коркарди он асосан ба он вобастагӣ дошт. Ғайр аз он, саноат асосан барои таъмин ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ равона шуда буд. Саноати вазнин тақрибан 40% маҳсулоти саноатиро ташкил медод; саноати сабук ва хӯрокворӣ – 60 фоиз. Ин вазъ барои ташаккули системаи тахассуснокии маҳдуди иқтисодӣ асос гузошт ва инчунин барои рушди самтҳои илмии мувофиқ дар самтҳои бунёдӣ имконият фароҳам наовард. Бинобар паст будани даромаднокии кишоварзӣ ва ҷолиб набудани сармоягузорӣ, нав кардани технология ва техникаи ин соҳа дар муқоиса бо дигар соҳаҳо ҳамеша суст аст ва мутаносибан, аз дигар соҳаҳои иқтисод пасттар аст.
  3. Ақибмонӣ ва ҷудоии инфрасохтори нақлиётӣ. Системаи нақлиёти Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ дастрасии мустақим надошт. Ҳатто дар ин давра байни минтақаҳои шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ робитаи мустақими нақлиётӣ вуҷуд надошт, ки ин ба истифодаи самараноки иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ пас аз пошхӯрии иқтисоди ягонаи миллӣ монеъ шуд.
  4. Вобастагӣ ва норасогии захираҳои энергетикӣ. Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва қисмати ҷанубии Қазоқистон, як қисми системаи энергетикии Осиёи Марказӣ (СЭОМ) буд, ки дар солҳои 70-уми асри XX сохта шудааст. Тарҳрезӣ ва истифодаи система тибқи эҳтиёҷоти минтақа сурат гирифтааст. Система дорои иқтидорҳои зарурии тавлид ва интиқол буд. Дар давоми фаъолияти СЭОМ, 60% эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба нерӯи барқ ​​аз ҳисоби таъминот (воридот) аз дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ бароварда мешуд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сифати кор ва нигоҳдории СЭОМ тадриҷан коҳиш ёфт, зеро ҳар як кишвари иштирокчӣ дар самти истеҳсолу интиқоли энергия ва сӯзишворӣ барои истиқлолият мубориза мебурд. Ҳолати мазкур иқтисодиёти навташкилшудаистодаи Тоҷикистонро баробари сабабҳои объективии дигар боз ба муаммоҳои ҷиддӣ ворид сохт. Дар ин давра аз танқисии барқ ва захираҳои энергетикӣ як қатор корхонаҳои хурду бузург аз фаъолият бозмонданд. Ба ғайр аз ин, барои таъсиси корхонаҳои нав танқисии нерӯи барқ ва захираҳои гаронбаҳои энергетикии воридотӣ иқлими номусоиди сармоягузории дохиливу хориҷиро ба миён овард.
  5. Ҷанги шаҳрвандӣ. Ҳоло дар замони шӯравӣ шурӯъ аз нимаи дуюми солҳои 80-ум пастшавии дараҷаи рушди иқтисодӣ ва аз соли 1991 бошад, якбора коҳиш ёфтани истеҳсолот ба вуҷуд омад. Оид ба ин маълумоти зерин шаҳодат медиҳад: агар солҳои 1981-1985 дараҷаи афзоиши миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,1%-ро ташкил дода бошад, дар солҳои 1986-1990 ин нишондиҳанда то 0,8% паст фаромадааст. Дар соли 1996 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 67,4% кам шудааст. Тибқи ҳисобҳои консервативӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллар зарар овард.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои миллӣ дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷаҳон (дар соли 2019 дар ҷои 7-ум) ниҳоят баланд буда, байни мамлакатҳои ИДМ ва мамлакатҳои Аврупои Шарқи дар соли 2019 мавқеи якумро ишғол кард.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт, ки тақозо бо мамлакатҳои хориҷӣ ҳамто надорад.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро то давраи 2030 қабул намудааст, ки мувофиқи ин барнома се сенарияи рушди иқтисодиёти кишвар муайян карда шудааст: (1) инертсионӣ, (2) индустриалӣ ва (3) индустриалию инноватсионӣ.

Дар сенарияи инертсионӣ пешбинӣ шудааст, ки модели аграрию саноатии рушд боқӣ мемонад ва ҳалли мушкилиҳои муҳими инфрасохторӣ, дараҷаи баланди вобастагӣ аз таконҳои беруна ва воридоти маҳсулот тағйир намеёбад. Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои такмили некӯаҳолии аҳолии деҳот ин рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки рушди минбаъда ва муҳими он ин коркарди маҳсулоти ин соҳа мебошад. Аз ин ҷиҳат сенарияи мазкур натиҷаовар ва аввалиндараҷа мебошад.

Рушди иқтисодӣ дар доираи сенарияи мазкур аз ҳисоби сарчашмаҳои берунаи маблағгузорӣ, аз ҷумла, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ талаботи сармоягузорӣ ва истеъмолотро ҳавасманд менамояд. Табиист, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар сохтори ММД нисбат ба соҳаи саноат мунтазам коҳиш ёфта, дар солҳои 2016-2020 22-22,5% муқарар шуда буд ва солҳои 2026-2030 15-15,5% пешбинӣ шудааст.

Сенарияи индустриалии рушд бошад, татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои амалкунанда ё оғозшудаи энергетикию инфрасохтор, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, энергетикӣ ва дигарҳо, инчунин барқарор кардани иқтидорҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар саноат ва соҳаи кишоварзиро пешбинӣ мекунад.

Сенарияи мазкур ислоҳоти бомувафақияти сохтории бахши воқеии иқтисодиёт, низоми идоракунии давлатӣ, фароҳам овардани шароити рақобати одилона, бартарафсозии монеаҳоро дар пешрафти бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, тақвияти қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбиро пешбинӣ мекунад. Бояд зикр намуд, ки дар заминаи сенарияи мазкур таҳкурсӣ барои рушди модели саноатию аграрӣ бунёд мегардад. Ба сифати омили пешбарандаи рушди иқтисоди миллӣ афзоиши босуръати саноат дар асоси ба истифода додани иқтидорҳои нав ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва ангишт, ташаккулдиҳии металлургияи сиёҳи ватанӣ ва рушди минбаъдаи металлургияи ранга, рушди саноати маводҳои сохтмонӣ, саноати сабук ва хўрока хизмат хоҳад намуд.

Сенарияи индустриалию инноватсионӣ бунёди асосҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар дар заминаи гузаронидани ислоҳот дар соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони замонавиро пешбинӣ мекунад. Ин имконият медиҳад, ки соҳаи саноати коркард пеш аз ҳама такмил ёфта, маҳсулоти илмғунҷоишаш баланд истеҳсол карда шуда, маҳсулоти ниҳоӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир гардад. Инчунин сенарияи мазкур имконият медиҳад, ки ҳангоми ташаккулдиҳии равишҳои инноватсионӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тақвият бахшидан ба заминаи институтсионалии рушд, такмилдиҳии низоми ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, аз ҷумла моликияти зеҳнӣ, шароит барои афзоиши ҳам сармоягузориҳои хусусию дохилӣ ва ҳам мустақими хориҷӣ муҳайё созад. Ин ба истифодаи оқилонаи имкониятҳои нави ҳамгироӣ ва рушди инфрасохтори транзитии кишвар, диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ва афзоиши назарраси содироти молу хизматрасониҳо оварда мерасонад. Аз рўи сенарияи мазкур манбаъҳои рушди иқтисодиёт ин истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, имкониятҳои инфрасохтори нави транзитӣ ва долонҳои иқтисодӣ, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, густариши содироти хизматрасониҳо ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, инкишофи зироаткории органикӣ, манбаъҳои барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи неру ҳамчун асоси “иқтисоди сабз”, вусъатдиҳии механизми ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об, аз ҷумла рушди густурдаи сайёҳӣ шуда метавонанд.

Ҳамин тариқ, бо татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ – саноатикунонии босурат дар давраи 2022-2026 соҳаи саноат рушд ёфта, барои расидан ба ҳадафи олӣ – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи устувор мегузорад.

 

Каримов Р. А. – дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like