ПАЁМ – РАҲНАМОИ ДИРЎЗУ ИМРЎЗ

Санаи 21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Ҳамасола дар паёми навбатӣ тамоми соҳаҳои мухталифи кишвари баррасӣ карда мешавад.

Дар Паёми имсола зикр гардид, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.

Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст.

Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад.

Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд.

Бинобар ин, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилонаашон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем.

Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.

Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд.

Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд.

Ин гуфтаҳои боло шаҳодатгари он аст, ки дар ҳақиқат пешрафту тараққиёти давлати мо аз тамоми соҳаҳои кишвар вобаста буда, ҳамаи мо, махсусан ҷавонон бо дониши амиқ, ихтироъкориву навовариҳо ва тайёр намудани мутахассисони варзида метавонем дар соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми арзанда гузорем.

Имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар боварӣ доранд ва ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҷавонон ояндаи ин давлату миллат ҳастанд.

 

Қоситов Ҷ.-ассистент кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like