Омӯзиши усулҳои инноватсионии таҳсилот

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тренинги Барномаи Иттиҳоди Аврупо Эразмус+ барои устодон ташкил карда шуд. Дар тренинг ҳамоҳангсози Офиси миллии барномаи Эразмус+ Зарина Нуриддинова, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хоруғ Олга Сайфуллаева, намояндаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе Санавбар Нурова ва  муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникииТоҷикистон ба номи М.Осимӣ Мамадамон Абдуллоев ҳамчун тренер иштирок намуда, устодони донишгоҳро бо навигониҳои Барномаи Эразмус+, усулҳои инноватсионии таҳсилу таълим дар таҷрибаи донишгоҳҳои Аврупо, роҳҳои байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ шинос намуданд.

Инчунин Зарина Нуриддинова ба устодон тавсияҳоро оид ба усулҳои тайёр намудани дархости лоиҳавӣ пешниҳод кард.

Чунин тренингҳо ба омӯзгорон имкон медиҳанд, ки бо таҷрибаи пешқадам шинос шаванд ва маълумоти муфассалро барои иштироки онҳо дар лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ ба даст оранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like