Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат дар ДДҲБСТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон, ки  раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошад, тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷлисгоҳҳову толор ва синфхонаҳои барҳаво  сарҷамъ гардида, дастаҷамъона тамошо карданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат иброз карданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо назардошти ин ва беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии кормандони соҳа Пешвои миллат таъкид карданд, ки аз моҳи июли соли 2022 маоши кормандони соҳаи илму маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз боло бурда шавад. Инчунин зимни Паём иброз гардид, ки дар 5 соли оянда беш аз 1000 муассисаҳои  таълимии типи нав сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон мебошад.

Аз ироаи Паёми навбатӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳори хушҳолӣ  намуда,  ин раҳнаморо сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳад. Дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад ва рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аз ин соҳаи муҳим вобастагии амиқ дорад. Кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардид, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар амалинамоии он саҳмгузорӣ менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like