ТАШАККУЛИ АСОСҲОИ ҒОЯВИИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш қайд намуданад, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин суиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмиллалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ў истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

Оқибатҳои терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рубару гаштааст. Ин зуҳурот дар ин ё он сатҳ ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеагӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрўз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама хатари зиёд ба бехатари давлатҳо дорад, оқибати он зарари зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва равонӣ мегардад.

Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиётҳои террористӣ зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кўдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин зарарҳои калони моддӣ расонида шуда, арзёбӣ мешавад.

Мафҳуми терроризм дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 179-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм, яъне содир намудани таркиш, сухтор, тирпарони аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мебошад.

Ҳамин тариқ, ғояи терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақ­сади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрў ва манзилати мақомоти давлатист.

Ҳамин тавр, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи терроризм ҳамчун ғояи таҷовузкорона ва зўроварона арзёбӣ карда мешавад.

Баъдан, ғояи таҷовузкорона ҳамчун ғояи терроризм аз маҷмуи ақида ва шиорҳое, ки асоси фаъолияти террористиро ташкил медиҳанд, иборат буда, мақсади он ҷалб намудани одамон ба фаъолияти террористӣ мебошад.

Дар айни замон террористон барои амалӣ гардонидани ғояҳои худ аз афзалиятҳои ғояҳои исломӣ истифода намуда, ташвиқу тарғиби барномарезишудаи худсохтро ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамоянд. Ҳол он, ки дини мубини ислом ваҳдату тафоҳум ва сулҳу субот буда, ба ҳеҷ ваҷҳ хушунат, ҷангу кушторро қабул надорад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист».

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, моҳияти ғояи террористиву экстремистӣ бо таблиғу ташвиқ дар зеҳни ифротгароёни динӣ талқин ва барномарезӣ карда мешавад. Омилҳои ташаккулдиҳандаи гурўҳҳои ифротгароии динии муосир пеш аз ҳама ин набудани саводу маърифати дурусти динӣ, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва ихтилофҳои фикрии ҷомеаҳои мусулмоннишин арзёбӣ мешавад.

Маърифату маънавияти динӣ ва фарҳангу арзишҳои воқеии исломӣ, ки дар сарчашмаҳои Ислом таълим шудаанд дар ин ғояҳои ташвиқшаванда умуман ҷой надоранд.

Ҳамин тариқ, изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо барномарезии махсуси манфиатхоҳӣ ва ҷаҳонбинии ифротии динӣ амалӣ шуда, онҳо дорои сохтори низомӣ, моҳияти ғоявӣ ва ҳадафҳои сиёсию қудратӣ мебошанд. Онҳо ҳаргиз ташкилотҳои динӣ набуда, барои паҳн кардани арзишҳои динӣ ташкил намешаванд, ин шахсони ифротгаро ва тарзи фаҳмиши ифротии онҳо ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии худ истифода менамояд. Дар навбати худ, пайравони ин гурўҳ зери таъсири фаҳмиши радикалии худ омодаанд, ки дар роҳи расидан ба мақсади худ аз тамоми воситаҳои истифода намуда, дар ин роҳ ҳама арзишҳоро инкор ва маҳв созанд. Ин аст, ки чунин гурўҳҳо ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерўи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд.

Пас, мубориза бо онҳо фақат мубориза бо як тарзи ҷаҳонбинӣ нест, балки имрўз мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо мубориза барои ҳаёт ва мубориза барои бақо мебошад.

 

Қурбонназаров Б. –  ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва

назорати прокурории факултети

 ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

 

You might also like