Муаррифии китоби “Духтари тирамоҳӣ” дар ДДҲБСТ

8 – уми декабри соли 2021 дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили ёдбуди Мадинаи Карим ва муаррифии китоби тозанашр бо номи “Духтари тирамоҳӣ”, ки ба муносибати зодрӯзи марҳум чоп шудааст, баргузор гардид.

Дар муаррифии китоби тозанашри “Духтари тирамоҳӣ”, роҳбарияти донишгоҳ,  дӯстону ҳамкорон, пайвандони Мадинаи Карим иштирок намуданд.

Нахуст, ноибректори ДДҲБСТ Тӯрақул Ризоқулов меҳмононро ба маҳфили ёдбуд шодбош намуда, аз кору фаъолияти мондагори марҳум Мадинаи Карим ёдовар шуд. Иброз гардид, ки  марҳум тули солҳо дар маҷаллаи илмии донишгоҳ “Ахбори ДДҲБСТ” фаъолият назаррас карда, ҳамчун бонуи донишманду покиза, дорои ахлоқи ҳамида дар байни ҷомеаи донишгоҳ шинохта шуда буд.

Дар идомаи маҳфил устодон, Саидумрон Саидов, Солеҳи Зарифзод ва дӯстону пайвандон сухан карда, перомуни кору фаъолият ва хислатҳои наҷиби Мадинаи Карим андешаронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси мудирияти гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” дар ҳамдастии аъзоёни маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, китобе таҳти унвони “Духтари тирамоҳӣ” интишор шуд, ки ба муносибати зодрӯзи бонуи фақиди арҷманд, Мадинаи Карим ҳадяе баҳри дӯстону пайвандонаш гардид.

Китоб бо теъдоди 150 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ба чоп расидааст ва фарогири мақолаҳои ёддоштии устодону ҳамкорон ва дӯстону пайвандони марҳум мебошад.

Ҳамчунин дар китоб чакидаҳои қалами Мадинаи Карим, ки иборат аз ҳикояву таронаҳо мебошанд, ҷой дода шудаанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like