ДДҲБСТ: Хушунати хонаводагӣ ва роҳҳои пешгирии он

Ҳамасола тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр Маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст.

Дар доираи маъракаи иттилоотии  «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар  мулоқот  роҳбарону намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, занони барӯманд, инчунин намояндаи мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мубина Хоҷаева чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва афзуд, ки бояд алайҳи хушунат мубориза бурд ва оилаи солимро бунёд кард.

Дар идома мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ  баромад намуда, дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша кард. Зикр шуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Хушунати хонаводагӣ барои Тоҷикистон падидаи ҷиддие мебошад. Ҳукумати кишвар барои аз байн бурдани падидаи мазкур ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеа рӯй меоварад.Соли 1999 Созмони Миллали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, эълон намуд. Интихоби 10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз – Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, илова гардид зимни суханронии баромадкунандагон. Илова шуд, ки зӯроварӣ яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад ва мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин амали нангин дар хонаводаҳо бештар истифода бурда мешавад. Аксаран занон гирифтори хушунат мегарданд.

Мақсади гузаронидани маъракаи иттилоотӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатхои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо -мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати хуқуқии занон мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like