Иштирокчиёни тренинг соҳиби шаҳодатнома гардиданд
Давоми солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тақвият ёфта, дар заминаи барномаву лоиҳаҳои байналмилалӣ корҳои зиёд амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи лоиҳаи “Рушди салоҳияти таҳлилии бакалаврҳои оянда дар ДДҲБСТ”, ки аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, силсила тренингҳо гузаронида шуданд. Санаҳои 26 ва 27 ноябр трениги ҷамбастӣ барои омӯзгорони ДДҲБСТ дар мавзӯи “Таҳлили маълумотҳои оморӣ бо истифодаи барномаи STATA” баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов иштирок ва баромад намуд. Иброз шуд, ки дархости лоиҳавии “Рушди салоҳияти таҳлилии бакалаврҳои оянда дар ДДҲБСТ” ба рушди қобилияти донишҷӯён оид ба татбиқи дониш, малака ва сифатҳои шахсӣ дар ҷараёни амалҳои таҳлилӣ равона карда шудааст. Донишҳои таҳлилии босифат дар истеҳсолот ҷорӣ гардида, барои дастгирии фаврӣ ва фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат мусоидат мекунад
Сипас ба иштирокчиёни тренинг шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

















