ШУКРИ ТИНҶИЮ ОРОМӢ БОЯД КАРД

Халқу миллати тоҷик аз азал инсондӯст, меҳрубон ва умуман гуманист буд ва хоҳад монд. Ин сухан тасдиқаш дар асарҳои сатҳи ҷаҳонии назму наср нависони миллатамон хеле моҳирона дарҷ гардидаанд. Шахсе, ки дониши кофӣ дорад ва дӯстдори илм аст, ҳеҷ гоҳ ҷангҷӯ, ифродгаро ва бадхоҳи миллат нахоҳад шуд. Чи тавре, ки одамушуаро, сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мефармояд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Дониш андар дил ҷароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар ҳақиқат, инсоне, ки дониш надорад, сафедро аз сиёҳ фарқ карда наметавонад. Шахсе, ки дониш дорад, некукорӣ, дӯстӣ, васл кардани халқу миллат, таъмин намудани зиндагии шоиста, аммо  на барои куштор, сияҳкорӣ ва ҷангу хунрезӣ, ки боиси марги шахсони бегуноҳ мегардад.

Ҳолате, ки дар Хоруғ ва атрофи он дар пайи муноқишаи байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки гуфта мешавад, рӯзи 14 ноябр дар як посгоҳи БДА сурат гирифт ва пайи щодисоти ба марги Гулбиддин Зиёбеков дахлдошта, шахси ватандӯсту зиракро ором гузошта наметавонад. Ин нафарон омода буданд, то ҳар лаҳза барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ ба халқу Ватан хиёнат кунанд.

Бинобар, ин Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди чунин гурӯҳҳо дастаҷамъона мубориза барем.

Мо омӯзгорон  ин амалро қатъиян маҳкум менамоем. Аз дигар тараф, чунин ҳодисаҳои нохӯш  мо муаллимонро водор месозад, ки насли ҷавонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар пойдор доштани сулҳу субот тарбия намуда, ҷавонони зираку ҳушёр, сарсупурдаи Тоҷикистони азиз ва миллати он,  ба воя расонем.

Бо боварии комил, гуфта метавонем, ки сокинони сарбаланди ВМКБ ҳаргиз ба суханҳои душманони беруна бовар намекунанд ва фирефтаи суханҳои онҳо намегардаднд.

Дар ин рӯзҳо, ҳар яки мо бояд нигоҳдошти сулҳу субот ва оромиро дар кишварамон дар ҷои аввал гузорем.

Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир        

You might also like