Ғолибияти устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

26-ноябри соли ҷорӣ дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Кормандону устодон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмунҳои мазкур фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани мақоми ифтихорӣ шарафёб гардиданд.

Дар озмуни «Илм-фурўғи маърифат» дар номинатсияи технологияхои иттилоотӣ донишҷӯён- Азизов Нурониддин ва Қурбонов Абдураҳмон, аз рӯи номинатсияи математика Сатторов Абубакр, аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишҷӯён – Оллоёр Отаназаров ва Гадохӯҷа Назаров инчунин байни омӯзгорон дар номинатсияи мазкур устоди донишгоҳ Ҷамшед Баҳовуддинов сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» кормандону устодон дар номинатсияи адабиёти классикӣ Гулрухсор Сулаймонова, аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон Дилрабо Раҳматова ва Заррина Самадова ва аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср устоди донишгоҳ Абдухолиқ Мирниёзов ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гардида, бо диплом ва маблағҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд. Ба ғолибон

Фирўза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд диплому маблағҳои пулиро тақдим намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like