Баргузориии силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ДДҲБСТ
Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Аз ин ҷост, ки ҳамасола, санаи 6-уми ноябр дар мамлакат Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсиву илмӣ ва тарбиявӣ баргузор гардиданд.
“Конститутсия – роҳнамои миллат”, “Конститутсия – санади тақдирсози миллат”, “Конститутсия – бахтномаи миллат”, “Конститутсия-қомуси миллат” таҳти ин номҳо дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ конференсияҳои илмию назариявӣ, мизҳои мудаввар ташкилу баргузор гардиданд.
Зимни баргузории чорабиниҳо ва маърӯзаҳои устодону донишҷӯён қайд карда шуд, ки бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аниқу дақиқ интихоб шудааст. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ватани азизи моро ба ҳайси субъекти фаъоли ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф менамоянд.
Дар чорабиниҳои мухталифи доиргардида ба муносибати Рўзи Конститутсия бори дигар таърихи Конститутсия ва моҳияти ин санади муқаддас ёдрас шуда, таъкид гардид, ки Конститутсия қонуни асосии давлат, унсури асосии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.
Ҳамчунин илова гардид, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат мебошад, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон заминаи қавӣ гузошт. Чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар донишгоҳ идома доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








