Баргузории конфронси байналмилалии илмиву амалии “Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия” ва “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд”

“Рушди ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо кишварҳои Осиёи марказӣ” таҳти ин мавзӯъ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода дар конфронси байналмилалии илмиву амалии “Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия” ва “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд”, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баромад намуд.

Зимни маърӯзаи хеш ректори ДДҲБСТ Шарифзода Муъмин Машокир иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири муносибатҳои байналхалқӣ мавқеи муҳимро пайдо намудааст ва ин аз сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Чунончӣ Сарвари давлатамон дар баромадҳои худ қайд менамоянд, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  густариш диҳад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дурустии худро нахуст аз аввалин ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи об собит намуд, ки он ба яке аз марҳилаҳои тозаи сиёсати берунаи кишвар рост меояд, илова намуд ӯ.

Ректори ДДҲБСТ хулоса кард, ки дар тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамкориҳои берунаи Тоҷикистон бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр муҳим мебошад. Ҳамкориву равобитаҳои дипломатӣ, аз як ҷониб, барои муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи минтақаю ҷаҳонӣ хизмат намояд, аз тарафи дигар, он барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ  дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои хурду бузург, ки дар маҷмӯъ барои дар амал тадбиқ ёфтани стратегияҳои давлатӣ нигаронида шудаанд, таъсири назаррас хоҳад гузошт.

Инчунин дар баробари роҳбари донишгоҳ, чанде аз устодони ДДҲБСТ дар ин конференсияи байналмилалӣ ширкат варзида, дар мавзӯҳои мухталиф маърӯзаҳо ироа намуданд ва қисми дигар мақолаҳо пешниҳод карданд.

Дар кори  конфронс ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин намояндагони созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. Дар рафти конфронс иштирокдорон дар бораи масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия, самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, дарёфти ҷойгоҳи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷанбаҳои гуногуни дипломатия сухан карданд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like