ДДҲБСТ: Семинар-машварат таҳти унвони “Ваҳдат саодати халқ”

Имрӯз семинар-машварати байниидоравии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ваҳдат-саодати халқ” дар заминаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ, профессор Мубина Хоҷаева ифтитоҳ намуда, меҳмоноро муаррифӣ ва аз хадафи баргузор намудани чорабинӣ ҳарф зад.

Сипас, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ доир ба фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ дар ДДҲБСТ М.Маҷидзода роҷеъ ба фаъолият, тартиби ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар донишгоҳ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Ш.Саидзода роҷеъ ба таъсири манфии ҳизбу созмонҳои террористию экстремистӣ ба суботи ҷомеа суханронӣ карданд.

Мӯҳтавои маърӯзаҳо зарурияти ташкил, ҳадаф ва ғояҳои созандаи ин иттиҳоди ихтиёриро, ки баҳри таҳкими сулҳу субот ва муттаҳидии миллат фаъолият мебарад, фарогир буд.

Зикр гардид, ки давоми фаъолияти худ ин иттиҳоди ихтиёрӣ ва мардумӣ тавонист дар саросари ҷумҳурӣ ҷонибдорони зиёдеро пайдо намояд. Аз ҷумла, ДДҲБСТ бо 4788 нафар аъзои Ҳаракат рисолати хешро бо тарғиби ғояҳои миллӣ ба иҷро расонида, байни ташкилотҳои ибтидоӣ мақоми аввалро касб кардааст.

Дар интиҳо байни иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифта, бо мақсади таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ пешниҳодҳо дода шуд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки чунин машваратҳои дастурдиҳӣ тариқи сайёр роҳандозӣ гардида, дар ташкилотҳои ибтидоӣ хонишҳои сиёсӣ ҷорӣ карда шавад.

Пурсишномае, ки аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ посух дода шуд, бори дигар ҳимоятгари манфиатҳои олии ҷомеа, ваҳдати комили миллӣ ва дорои ғояҳои созанда будани Ҳаракати ҷамъиятии Вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро пурра инъикос намуд.

Қобили зикр аст, ки баргузории семинарҳои дастурии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баҳри интиқоли таҷрибаи пешқадами ташкилотҳои ибтидоӣ ва дар ин замина ба таҳкими раванди ваҳдати миллӣ, устувории суботи иҷтимоӣ ва таъмини муносибати мутавозин миёни ҷомеа ва давлат нақши муассир мегузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like