Дўстиро ҷустуҷў дорем мо
Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов, директори Донишкадаи Конфутсияи Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон Жен Гентян, ҷонишини директор Менг Сианкай иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Мунира Акмалова меҳмононро аз номи роҳбарияти донишгоҳ хайрамақдам гуфта, иштирокчиёнро бо барномаи конфронс шинос намуд.
Сипас муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов меҳмононро аз номи ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир шодбош намуда, ёдовар шуд, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи Конфутсий густариш меёбад. Бо иқдомҳои ректори донишгоҳ шароитҳои мусоид барои омўзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони хитоӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар бахши назариявӣ Жен Гентян дар мавзуи «Хитой-СҲШ: шаҳраки ояндаи иқтисодии СҲШ», мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Ҳамза Эгамназаров дар мавзӯи «Истиқлол – неъмати бебаҳост», ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Завқиддин Рустамзода дар мавзуи «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» ва донишҷўёни курси дуюми ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои иқтисодии берунӣ) Тоҳиров Азимҷон ва Бой Каримҷон дар мавзӯҳои таърихи ҷашнгирии идҳои миллии Чин ва муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар давраи Истиқлолият маърўзаҳои пурмўҳтаво ироа намуданд.
Дар қисми фарҳангӣ донишҷўёни курси 2-юми ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои иқтисодии берунӣ) барномаи рангини фарҳангӣ, ки иборат аз рақсу суруд, шеърхонӣ буд, пешкаши иштирокчиён намуданд.
Дар охир ҷамъбасти озмуни «Ҳусни хати беҳтарин», ки дар доираи конференсия баргузор гардида буд, ҷамъбаст ва ба ғолибон Диплом, инчунин ба як қатор донишҷўён барои иштироки фаъолона Ифтихорномаҳо ва ба меҳмонон
Сипосномаҳои садорати факултет барои ҳамкории судманд ва иштироки фаъолона дар конференсия тақдим гардид. Меҳмонон низ дар навбати худ аз баргузории конфронс қаноатманд шуда, изҳор намуданд, ки Донишкадаи Конфутсия минбаъд низ ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон густариш хоҳад дод, то ки донишҷўён ва омўзгорон бо омўхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забони хитоӣ имкониятҳои хуби ҳам таҳсил ва ҳам ҷои кори ояндаро дарёфт намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бор ҷомеа














