Ҷавонон ва хатарҳои ҷаҳони муосир
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд перомуни пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофатпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зуҳуроти номатлуб байни донишҷӯён баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, муовини директори муассисаи давлатии Маркази Исломшиносӣ Наҷотзода М. Роҳбарият ва кормандони Раёсати минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, инчунин сардорони раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд.
Вохӯриро муовири ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Мубина Хоҷаева ифтитоҳ карда иброз дошт, ки дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, ба хусус ҷавонону занон ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу ривияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.
Сипас, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода бобати баланд гардидани мавқеи занон дар ҷомеа ва нишондиҳандаҳои гендерӣ дар мамлакат ибрози андеша кард.
Дар идома, кормандони мақомоту идораҳое, ки субъекти муборизабарандаи ҷиноятҳои созмонёфта мебошанд перомуни сабабу омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирӣ ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд. Қайд карда шуд, ки муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ, истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.
Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.
Бо назардошти ин тамоми сокинони мамлакат махсусан ҷавононро зарур аст, ҳушёриву зиракии хешро аз даст надода, донишҳои сиёсиву динӣ ва ҳуқуқии хешро баланд бардоранд ва дар ҳифзи якпорчагӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ саҳмгузор бошанд. Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил вар обита бо ҷомеа














