Пирӯзии донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи вилоятӣ
17 октябри соли 2021 дар шаҳри Бӯстон мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди Ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур ба ифтихори 30-солаии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он варзишгарон аз аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Донишҷӯи соли дуюми факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рамазон Давлатов дар вазни 56 кг ба се ҳарифаш дастболо гардида, сазовори ҷойи аввал шуд. Мусобиқаи Ҷиу-ҷитсу бо ибтикори Филиали Федератсияи миллии Ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташкилу баргузор гардид. Ба ғолибон медал ва дипломи мусобиқа тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи ДДҲБСТ Рамазон Давлатов аз рӯи намуди Ҷиу-ҷитсу ва Муҳорибаҳои омехта (ММА) дар чандин мусобиқаҳо иштирок ва ба гирифтани мақоми ифтихорӣ шарафёб шудааст.
Донишҷӯи донишгоҳ Рамазон Давлатов дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди Муҳорибаҳои омехта, ки давоми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, роҳхат гирифтааст.
Ҷомеаи донишгоҳ Рамазон Давлатовро бо ғолибияташ шодбош намуда, ҷиҳати пирӯзӣ дар мусобиқаҳои дар пешистода комёбиҳо орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


