ДДҲБСТ: Баргузории озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини мактабҳои шаҳри Хуҷанд

24 сентяби соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими расмии оғози озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2021-2022 баргузор гардид. Дар маросими расмии озмун муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, мудири бахши таҳлил ва иттилооти дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода ва муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Замира Мансурова иштирок ва баромад намуданд.

Дар чорабинӣ  хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд- довталабони  озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки  дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳимро касб карда, Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳар як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва роҳандозӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд.

Дар идома илова шуд, ки ҷавонони ватандўсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳанд  гузошт.

Дар маросими расмии оғози озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2021-2022 беш аз 120 нафар ширкат варзида, дар Маркази тестии донишгоҳ аз рӯи панҷ фан- география, таърих ва ҳукук, математика, забони русӣ  ва англисӣ имтиҳон супорида, дониши онҳо санҷида хоҳанд шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like