Таъмини амнияти минтақавӣ дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай
Дар ҷаласаи ботантана (08.09.2021) ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуданд: “Тоҷикистон пас аз гузаштан аз марҳалаи аввали истиқлол, ки даврони душвори ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро барои кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуд. Кишвари мо на танҳо мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кард ва нақш офарид. Мо чун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ мекунем ва густариш медиҳем”.
Имрӯз Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. Мо муаллифи чаҳор ташаббуси бузург, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018 – 2028” мебошем, ки аҳамияти глобалӣ доранд. Тоҷикистон дар даҳҳо созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра саҳми босазо мегузорад. Кишвари мо бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Дар ин росто, Тоҷикистон ба густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо ҳамсояҳои наздик, яъне кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии худ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Мо дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор дошта, ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайваста иқдомоти зарурии муштаракро роҳандозӣ менамоем. Аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ кишвари мо ба манзури пешбурди робитаҳои созанда бо кишварҳои олам ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ фаъолона ширкат дорад ва аз ҳамкориҳои бисёрҷониба пуштибонӣ мекунад.
Алҳол Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Арал барои густариши бештари ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои зикршуда кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст.
Ман андешаҳои худро доир ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 22-юми июли соли ҷорӣ муфассал баён карда будам. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем.
Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд.
Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст. Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд.
Дигар ин, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.
Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, зеро ман борҳо гуфтаам, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад.
Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд.
Дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват мекунам, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд. Инчунин, расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазир мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъи устувори худро нисбат ба қазияи Афѓонистон (хусусан баъди ба сари қудрат омадани ташкилоти экстремистӣ-террористии Толибон) дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай тақвият доданд, ки он барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ-иқтисодии ин кишвари ҷангзада равона карда шудааст.
Дар асоси таҳлили маводҳои дастрас вобаста ба мавзўъи мазкур ақидаҳои зеринро иброз менамоем:
– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвадони мамлакат оиди қазияи Афғонистон бетараф нестанд ва он дар доираи эҳтироми ҳуқуқи миллати тоҷикони Афғонистон амалӣ мегардад.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ба амал омадани вазъияти ногувор дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки дар оянда ин минтақа лонаи террористон мешавад.
– Аз мавқеи расмии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо ғашашон меояд ва ба осудаҳолии кунунии аҳолии Тоҷикистон рашк мекунанд.
– Сомонаҳои иғвоангезӣ наҳзатӣ ҳаргуна хабарҳои бадномкунанда оиди мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Толибону Панҷшерро паҳн менамоянд ва бо ин васила мардумро гумроҳ менамоянд.
– Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ вақт Ҳукумати ба ном мардумии Толибонро ба расмият намешиносад ва он пурра бар муқобили манфиатҳои мардуми тоҷик (узбек, ҳазора ва дигар аққалиятҳои миллӣ) равона гардидааст.
– Кабирӣ мехоҳад ба монанди Толибон дар Тоҷикистон ба сари қудрат расад, аммо ин танҳо хоби ширини ў ва пайравонаш аст.
Пўлотов К.И. – муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва
пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ