Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 октябри соли 2021 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо» баргузор менамояд.
Барои иштирок дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмї ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар даъват карда мешаванд.
Ҳадафи конференсия: мубодилаи афкори олимону мутахассисон ҷиҳати дарёфт ва пешниҳоди роҳҳои ҳамкориҳои байналмилалї дар шароити ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамї буда, дар доираи он муҳокимаи мавзўъҳои меҳварии зерин пешбинї мегардад:
Густариши ҳамкориҳои байналмилалї дар ҷараёни рушди иқтисодиёти рақамї;
- Фаъолияти иқтисодии хориҷї дар шароити рақамикунонї: хусусият ва муаммоҳо;
- Табаддулоти низоми хоҷагидорї дар зери таъсири ҷараёни рақамикунонии муносибатҳои иқтисодї;
- Ҷабҳаҳои ҳуқуқии густариши ҳамкориҳои байналмилалї дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт;
- Технологияҳои рақамї дар рушди инноватсионии муносибатҳои байналмилалї;
- Масъалаҳои таъмини бехатарии иттилоотии робитаҳои байналмилалї дар доираи рушди ВАУ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионї;
- Таѓйироти иҷтимоию фарҳангї чун натиҷаи табаддулоти рақамии иқтисодиёт;
- Хусусияти таъминоти лингвистикии ҳамкориҳои байналмилалї дар доираи рақамикунонии глобалї;
- Иқтисодиёти рақамї: ҳолат, замина ва тамоюли рушд дар кишварҳои ИДМ.
Забони кори конференсия: тоҷикї, русї, англисї.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия мақолаҳои худро тариқи чопї ва электронї то санаи 10 октябри соли 2021 ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
Матни мақола бояд бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр 1,5 мм бо истифодаи ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русї – Times New Roman), шрифти 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад.
Ҳаҷми мақола набояд аз 5 саҳифа (формати А4) зиёд бошад.
Мақола дорои навгонии илмї буда, набояд қаблан нашр шуда бошад.
Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо) -и мақола бо зикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шавад.
Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф кунад.
Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рўйи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд.
Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 таҳия карда шаванд.
Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳої маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ѓалат тоза бошад.
Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).
Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дўши муаллифон мебошад.
Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Нишонии электронї барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё мустақиман ба нашриёт (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1, утоқи 309).
Телефон барои иртибот: (83422) 2-31–63