ТОҶИКИСТОН – УЗВИ ФАЪОЛИ СОЗМОНҲОИ БОНУФУЗИ ҶАҲОНӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки соли 2021 барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ҳақиқат соли таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, дар соли мазкур баробари таҷлили 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз Ватани азизи мо мизбони баргузории як қатор нишастҳои сарони давлатҳои созмонҳои бонуфуз мебошад.

Аз ҷумла, дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳри Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор мегардад.

Маврид ба қайд аст, ки Созмони ҳамкории Шанхай 26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳандӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Баъди ҳамроҳ гардидани Ҳиндустон ва Покистон (соли 2017) ба узвияти созмани мазкур, масоҳати умумии созман зиёда аз 34 млн км², яъне 60 % қаламрави АвруОсиёро дар бар гирифтааст ва ҷамъи аҳолии он зиёда аз 3 млрд 40 млн танро ташкил медиҳад, зиёда аз ними аҳолии сайёра.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бошад, ташкилоти байналмилалӣ-минтақавӣ буда, соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 майи соли 1992) таъсис дода шудааст. Кишварҳои узви СААД Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. СААД созмони ҳарбӣ-сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошанд, кушодааст. Созмон дар асоси эҳтироми истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои узв, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои узв вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Мақсаду мароми ҳар ду созмон ҳам ин таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв, ҳадафҳо ва принсипҳои асосии созмон эътироф карда шудаанд ва ҷиҳати дастёбӣ ба онҳо, кишварҳои узви созмонҳо ба истифодаи воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд. Кишварҳои узв мавқеи сиёсати хориҷии худро нисбати мушкилоти амнияти байналмилалию минтақавӣ мувофиқа ва ҳамоҳанг мекунанд ва пеш аз ҳама аз абзорҳои машваратӣ истифода мебаранд ва саъю кӯшишҳои худро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ, аслиҳа, ҷинояти муташаккилонаи фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти кишварҳои узвро муттаҳид месозанд.

Боиси ифтихори мо тоҷикистониён аст, ки маҳз дар Тоҷикистон таҳти Раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад.

Умеду боварии комил дорем, ки самараи нишасти мазкур бо дастовардҳои назаррас дар самти муносибатҳои дипломатӣ анҷом ёфта, дар нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар минтақа саҳми худро мегузорад.

 Ш.Ахмедов – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like