ДИН ВА ДАВЛАТ
Мутаассифона, имруз зиёд мушохида мекунем, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҳоло номи худро ба Паймни миллӣ иваз намудааст) дар хориҷа қаоро гирифта, давлату Ҳукумати кишварро душмани ислом муарриффӣ мекунад ва ба ин васила мехоҳад сафи тарафдорони хешро зиёд намуда, мардумро ба гумроҳӣ барад.
Албатта, дар кишваре, ки қариб навад дар сади шаҳрвандонашро мусулмонон ташкил медиҳанд суиистифода кардан аз эътиқодоти динии мардум амали савоб нест. Имрузҳо ин ҳизб манъи сатрпушӣ ва масҷидравии ҷавонони то ҳаждахсоларо баҳона пеш оварда, мехоҳанд худро ғамхору пуштибони ислом нишон диҳанд. То куҷо рост будани ин хоҳиш ва талошҳои эшон суолҳое зиёдеро ба бор меорад, ки баёни ин андеша суҳбати вижаро мехоҳад. Аммо инҷо мехостам дар мавриди он андешаи хешро баён созам, ки наход дар кишвари мо ба чуз пeшидани сатру масҷидравии чавонон дигар ягон мушкили вучуд надошта бошад, то ин ҳизб баҳри ҳалли он талош намояд?
Магар муаммо ва мушкилии кишвар бо сатрпушӣ ва масҷчидравии ҷавонон ҳалли худро меёбад?
Дар аксар маврид баъзе нафарон манъи рафтани ҷавонони то ҳаждахсоларо ба масҷид силоҳи асосии хеш баҳри киштани тухми бадбиниву низоъ, нооромӣ ва эътироз миёни калонсолон ва нафарони мазҳаби истифода мекунанд. Аммо касе боре ҳам аз сабабҳои сарзадани чунин ҷилавгириҳо ёдовар намешавад. Магар мо ҳодисаҳои чандсол қабл рухдодаро фаромӯш кардем? Магар фаромӯш кардем, ки чи тавр наврасону ҷавонони моро бо баҳонаи таълимоти исломӣ ба мадориси кишварҳои хориҷ бурданду дар он ҷо ифротгарову террорист тайёр намудани буданд. Магар фаромӯш кардем чи қадар ҷавонону наврасони мо аз кишварҳои хориҷ бозпас оварда, аз ҷанголи ифроту терроризм халос шуданд. Агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон фикр накунад ва онҳоро ҳимоят насозад пас ки ин корро мекунад?
Тоҷикистон кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст. Конститутсияи мо ба бовар ва эътикодот, мазхаб ва дини интихобкардаи шахрвандаш эхтиромро коил аст. Дар баробари ин давлат ва хукумат вазифадор аст, ки барои оянда насли солим тарбия намояд ва заминахои фардоро имруз мухайё созад. Дар ин самт Вазорати маорифи Ҷумҳурӣ тамоми чораву тадбирҳоро меандешад, то дар макотиби кишвар ҷавонони босаводу соҳибкасб тарбия шаванд. Ҳамаи тадбирҳои андешида шаванда ба баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҷахонбинии насли ҷавон нигаронида шудаанд.
Ман хам шаҳрванди ҳамин кишвар ҳастам ва дар масъалаи ба масҷид нарафтани наврасон чизе бадеро намебинам.
Магар давлат ибодати онҳоро манъ кардааст? Чаро бояд аз ин масъала проблемаи рақами аввал созем? Мо, падару модарон ва мураббиёну муаллимон масъули тарбияи фарзанднамон ҳастем беҳтар нест дар ин синну соле, ки онҳоро ба роҳи бад бурдан осонтар аст ва ҷаҳонбинии дониш ва бовару назарҳояшон ҳанӯз комил нашудааст, худамон таълим диҳем. Ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Ҳоло мо дар шароите, зиндагӣ дорем, ки давлат ба ягон эътикодоти мо монеъ нест дар холе, ки дар замони шурави чунин набуд. Тамоми кӯшиши ҳукумати шуравӣ бар он равона шуда буд, ки мардумро аз дину имон ва муқаддасоти миллиашон дур кунанд. Ёд дорам, волидонамон пинҳонӣ ва бо ҳазор тарсу ваҳм дар хонаҳо намоз мехонданд. Ва агар ин амали эшон ошкор шавад чазои сахт мегирифтанд. Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатамон мо аз ин асорат ва дурафтодагиву бедини халос шудем. Имрӯз давлат пуштибони дини ислом аст. Ба эътикодоти мардум сару кор надорад, озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст. Пас, ин ҳама иғвову, кинаҷӯиву баҳонахоҳӣ чи зарурат дорад?
Алимов Б.-мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ