Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба ин Қонун соли 2007 таѓйироту иловагиҳо ворид карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Инчунин, Қонуни ҷиноятӣ дар роҳи мубориза бар зидди экстремизм мавқеи махсусро ишѓол менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» таҳти мафҳуми ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ѓайритиҷоратие фаҳмида мешавад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машѓул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонунӣ даромадааст.

Бинобар ҳамин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» ѓайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Инчунин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:

«Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ харакати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиѓ», ташкилоти динӣ – миссионерии «Созмони таблиѓот» ва «Тоҷикистони озод».

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.

Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи соли 2009 бошад, равияи динии «Салафия» низ ҳамчун равияи ѓайриқонуни амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2012 Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ѓайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. Инчунин, вебсайти интернетии www.irshod.kom, www. irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», чун воситаи ахбори умум баста шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати мазкур манъ карда шудааст.

Бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 9 октябри соли 2014 Кумитаи 24 ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ѓайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст.

Дар давраи солҳои 2006-2011 зиёда аз 400 аъзоҳои алоҳидаи ташкилотҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум шудаанд.

Ҳамзамон соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, ташкилоти мазкур ҳамчун ташкилоти экстромистиву террористӣ эълон карда шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди экстремизм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 қабул кард, ки мақсад аз он пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани таѓйироти куллӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷамъият мебошад.                  

Мақсади мубориза бар зидди экстремизм аз инҳо иборатанд:

1.Таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди экстремизм (ифротгароӣ).

2.Барҳам додани  таҳдиди экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба экстремизм (ифротгароӣ) дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он.

4.Ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани экстремизм (ифротгароӣ) мегардад, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистидошта.

5.Баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгирӣ, ошкор намудан, бартарафсозӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистидошта, ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне, ки дар иҷрои фаъолияти экстремизм (ифротгароӣ) иштирок намудаанд.

6.Таҳияи муносибати умумии субъектҳое, ки бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) мубориза мебаранд.

7.Тақвияти нақши давлат, чун кафили амнияти шахсӣ ва ҷомеа, дар шароите, ки таҳдиди экстремизм (ифротгароӣ) беш аз пеш меафзояд.

8.Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба маблағгузории фаъолияти экстремизм (ифротгароӣ).

9.Ташаккули заминаи зарурии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушд ва мутаносибии меъёрҳои ҳуқуқии байналми­лалӣ ва ҳамкориҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ).

10.Беҳтар намудани ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии назорати молиявӣ бо созмонҳои байнал­милалӣ ҷиҳати ошкор намудан ва пешгирии маблағгузории экстремизми (ифротгароӣ) байналмилалӣ. Мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди экстремизм, ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад. Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои бай­налмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба экстремизми байналмилалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маво­ди  тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Заминаи муҳими танзимгари муносибатҳои байналмилалӣ Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки таҳти роҳбарии Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай заминаи устувори санадҳои байналмилалии ҷомеаи ҷаҳонӣ Стратегияи глобалии муқовимат ба таҳдиду хатари навро ташаккул ва татбиқ намояд.

Аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалӣ «Оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ» аз 21 декабри соли 1965 ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ  аз 15 ноябри соли 2000 қабул карда шудааст, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Аз ҷониби Созмони ҳамкории Шанхай Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ҷудоиталаб ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 қабул карда шудааст.

  Муллоҷонова Н.А.-  муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи ДДҲБСТ

 

You might also like