Маънавиёти баланд – омили пешгирии экстремизму терроризм
Террор ва терроризм муаммои ҷомеаи башарист, ки дар тамоми марҳилаҳои ҳаёт мушоҳида карда мешавад. Терроризм чун зуҳуроти махсуси ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ таърихи тўлонӣ дорад ва дар ҳар давру замон барои ҳалли ихтилофҳо рўи кор меояд. Манбаъҳои амалҳои террористӣ гуногун буда, омўхтани он кори хело сангин аст. Имрўз амалҳои террористӣ дар тамоми фазои зиндагӣ ва мавқеъҳои гуногуни рўи замин мушоҳида карда мешаванд. Дар натиҷаи он ҳазорҳо ҷони худро аз даст медиҳанд, фазои ороми зиндагии одамон вайрон мегардад ва ҳамчунин, фазои иҷтимоиву сиёсии мамлакатҳо зарба мебинанд.
Имрўз масъалаи пешгирии терроризму экстремизм дар ҷомеаи мо низ масъалаи доғи рўз ба шумор меравад. Зеро амалҳои фаромўшнашавандаи ҳалимзодаҳо тақозо мекунад, ки ҳар як фарди ҷомеъа барои нигоҳ доштани оромии фазои сиёсиву иҷтимоии миллати сарбаланди тоҷикон бо баланд бардоштани савияи дониши сиёсии худ мавқеи хосеро ҷойгирӣ кунад. Ин барои ҳар як шаҳрванди тоҷик, ки худро тоҷики асил ва фарзанди тоҷик меҳисобад, қарзи шаҳрвандии ў мебошад.
Яке аз роҳҳои омодагирӣ бар муқобили терроризм баланд бардоштани маънавиёти сиёсӣ ва техникиву технологӣ ва тарбияи эволютсионии ҷавонон, хусусан, талабагони синфҳои болои муассисаҳои таълимии миёна ва донишҷўёни муассисаҳои таълимии олӣ мебошад. Зеро имрўз онҳо як қишри вазндори ҷомеа ҳастанд ва муайянкунандаи фазои фардои миллатанд.
Чавонон бояд донанд, ки имрўз мавқеи сиёсии тоҷикон дар арсаи байнаналхалқӣ дар кадом ҳолат ва нисбат ба дигар мамлакатҳо дар қадом сатҳ қарор дорад. Онҳо бояд ба қадри сиёсати имрўзаи хирадмандона бароҳмондаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расанд ва ҳимоятгари арзишҳои волои бадастовардаи имрўзаи тоҷикон гарданд. Аз ҳама муҳимаш ҳар яке аз онҳо шароити иҷтимоӣ ва сериву пуррии имрўзаи худро, ки бояд ба он шукргузорӣ кард, бо шароити иҷтимоии мамлакатҳои дигари ҳамсоя, чун Афғонистону Ироқу Сирия ва ҳамчунин, бо шароити иҷтимоии мамлакатҳои абарқудрати Русияву Европаву Хитою ва дигарҳо муқоиса карда тавонад. Донад, ки мо тоҷикон алҳол аз бисёр миллатҳои дунё дар сатҳи баланд ва бисёр хуб зиндагонӣ дорем ва агар фаҳмад, ки мо тоҷикон нисбат ба баъзе миллатҳо нарасидаем, пас ҳамчун тоҷики асил барои бо онҳо баробар шуданамон тавассути баланд бардоштани савияи илмиву маънавии худ мубориз бошад.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тарғиби ҷавонон барои андешаи солим ва дур шудан аз иғвову ҳар гуна ҳаракатҳои экстремистӣ дар байни миллат ташаббус нишон дода, ҳамеша чорабиниҳо ва конфронсу семинарҳоро бо иштироки донишҷўён мегузаронад, ки барои насли ҷавони имрўза дарси ибрат гардад ва онҳо барои солимии ҷавонон ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошанд. Танҳо саводи комил ва маънавиёти баланди сиёсӣ метавонад пешгирандаи ҳаракатҳои эстремистиву террористӣ бошад.
Ахмедов Р. А. – н. и. физикаю математика, сурмутахассиси бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти ДДҲБСТ