ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ВА ДАСТГИРИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
Ҷавонон дар ҷомеаи муосир барои тамоми ҷанбаъҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳон нақши басо муҳимро ишғол менамоянд. Зеро истифода намудан аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз усулҳои дастрас шудан ба рушди устувори давлат ва аҳолии ҷаҳон мебошад. Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат дар ҳама давру замон барои ҷамъият, мақом ва арзиши хоса доштанд. Ҷавонон насли инсониянд, ки дар марҳилаи гузариши иҷтимоӣ қарор доранд ва асоси нерўи зеҳниву ҷисмонии ҷомеа ба шумор мераванд. Ҷавонон дорои зеҳни тозаю созанда, маҳорати бузурги эҷодкорӣ ва қобилияти бузурги корӣ мебошанд, ки фаъолияти истеҳсолии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа матлуб шуморида мешавад.
Бешубҳа, имрӯзҳо ҷавонони кишвар ҳамчун қувваи бузурги созандаву эҷодкор эътироф шудаанд. Мавқеи ҷавонон дар ҷамъият ва дараҷаи маҳорати онҳо барои рушди муҳити иҷтимоӣ ҳам аз давлат ва ҳам аз мавқеи фаъоли худи ҷавонон иборат мебошад. Ҷамъият ва давлат бояд дарк намоянд, ки ҷавононро ҳамчун субъекти таърих, ҳамчун омили асосии дигар шудани шароит ва ҳамчун арзиши қимматбаҳои иҷтимоӣ барои ояндаи миллат ва давлат тарбиятгар бошанд. Ҳамаи ҳамин омилҳоро ба инобат гирифта ҳукумати кишвар имрӯзҳо сиёсати ҷавононро ба роҳ мондааст. Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо давлати соҳибистиқлоли мо аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дошта ва бештари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки яке аз қувваҳои асосии инкишоф ва рушди кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Давлат ва ҳукумати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҷавонони кишварро барои пешрафт ва рушду равнақёбии диёри азизамон ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Барои ҷавонони мо имрӯзҳо тамоми шароитҳо барои таҳсил ва барои беҳтар гардонидани шароити таҳсил, яъне таъмин намудан бо тамоми таҷҳизоти таълимомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин ҳукумати кишвар барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсилоти духтарон низ басо тадбирҳои муҳимро андешидааст. Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари ҷавонони кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшида истодаанд, ки ҷавонон дар оянда бо ҷоӣҳои кории хуб таъмин гарданд ва ба оила, халқу миллат ва давлати худ хизмат намоянд. Ташаккули сиёсати ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои такмил ва рушду равнақдиҳии ҷавонон барои ояндаи онҳо ба тағирёбии сохториву ҷамъиятӣ, барои ояндаи давлат мусоидат хоҳад кард.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон аён нишон медиҳад, ки мақоми ҷавонон барои ин миллат аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар ҷои махсус меистад. Ба мақоми ҷавонон дар тамоми марҳилаҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешуд. Ин буд, ки соли 1997 мақоми ваколатдори соҳа – Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Саҳифаи наве, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани мақоми ҷавонон боз намуд, ин моҳи ноябри соли 2006 буд, ки дар замина мақоми давлатӣ – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Пас аз ин амал аз тарафи ҳукумат ба ҷавонон боз ҳам таваҷҷуҳи бештаре зоҳир менамуданд. Ғамхории миллат нисбат ба ҷавонон рӯз то рӯз меафзуд ва баҳри инкишофи ҳаматарафаи ҷавонон шароитҳои беҳтаринро фароҳам менамуданд. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ҳукумати мо барои сазовор шудан ба дастовардҳои хеле назаррас бар ҳаёти ҷавонон нақши басо муҳимро иҷро намудааст. Инчунин яке аз иқдомҳои бузурге, ки барои ҷавонон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гашта буд, ин таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон буд, ки рузи ҷашнгирии он ҳар сол ба санаи 23 – уми май рост меояд. Ин барои ҷавонон як рӯзи шодию саодатмандӣ ва хурсандии беканор аст. Ҳукумати Ҷумҳуриамон ҳамагуна кору фаъолиятро баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон андешида истодааст. Ҷавонони тоҷик аз иқдомҳои Пешвои миллат рӯҳу тавони тоза гирифтанд ва барои шукуфоии ояндаи миллати хеш боз ҳам фаъолтар мегарданд. Соли ҷавонон эълон шудан барои ҷавонон имтиҳон ва масъулияти басо бузург аст, ки онро бояд бо меҳнати содиқона ва иқдомҳои созандаи ватанпарастона, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ва пайравони асили Пешвои муаззами миллат сазовору шоиста пешвоз гиранд ва ба ояндагон ҳамчун ҷашнвораи ҷавонӣ мерос гузоранд.
Ҷумҳурии маҳбубамон имрӯзхо дар роҳи ташкили ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Тарбияи ватанпарастии ҷавонон яке аз роҳҳое мебошад, ки барои расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Воқеан, давлат ва ҳукумати мо барои ирсол намудани ҷавонон ба давлатҳои хориҷа барои таҳсил хеле чораҳои зиёдеро андешидаанд, то ки пас аз бозгашт ба Ватани маҳбубамон бо шарофати таҷрибаҳо, ки дар давлатҳои хориҷа аз худ менамоянд барои рушду равнақдиҳии миллати азизамон саҳмгузорӣ намоянд. Ба ҳар ҳол камбудиҳо дар ҳама соҳаҳо ба чашм мерасанд ва яке аз муаммоҳое, ки имрӯзҳо ҳукумати ҷумҳуриро нороҳат кардааст, нарасидани олимони ҷавон дар баъзе аз соҳаҳои илми кишвар мебошад. Пас аз солҳои Истиқлолият аз ҷониби ҳукумату давлат маблағгузории давлатӣ ба соҳаҳои илму маориф мунтазам зиёд мегардад ва барои дастгирии аспирантону докторантони муассисаҳои илмӣ стипендияҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо норасоии кадрҳои ҷавон дар самти илмҳои дақиқ ва техникаву технологияҳои инноватсионӣ баръало мушоҳида мегардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъияти душвори имрӣзаи ҷаҳон омили ба вуҷуд омадани мушкилиҳои гуногун гардад. Ҷавонони мо бояд шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагии даврони соҳибистиқлолӣ намоянд. Шукргузор бошанд, ки Ҳукумати кишвари мо барои фаъолияти фароҳи ҷавонон корҳои мушаххасро ба амал оварда истодаанд.
Ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат, доимо дар сафи пеш барои ободнамоӣ ва созандагии меҳани хеш ҳастанд. Ҷавонон бо Ватан, миллат, фарҳангу забон ва таърихи ниёгони сарбаланди хеш ифтихор менамоянд. Мақсаду мароми зиндагии ҷавонони Тоҷикистон ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, амнияту осудагии халқу диёр ва боло бурдани обрӯю нуфузи ҷумҳурии азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол, насли бонангу номус, мубориз, ҷасур ва диловари кишвар маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд.
Қурбонов Ҳ.Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ