Фаъолияти ТЭТ ҲНИ ҳама вақт ба 0 баробар аст

Дар маводи иғвоангезӣ наҳзат маълум мегардад, ки оид ба идоракунии давлатӣ сухан рафта, боз фикру ақидаҳои беасос ва ақидаҳои фароногири афродони манфур оварда мешавад. Дар ҷомеа маутаассифона ин гуна шахсон – «доноҳо» зиёд шуда истодааст, ки гуфтаҳои онҳо ба мардум, ки дар яке аз замони рушди иттилоот қарор дорем, бевосита таъсироти манфии худро боқӣ мегузорад.

Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, роҳбарии самараноки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди ва фарҳангиро таъмин мекунад, низоми мақомоти ҳокимияти иҷроияро роҳбари мекунад, барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия намуда, татбиқи онҳоро таъмин мекунад (моддаи 13).

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиёт, буҷет, молия, пул, қарз ва андоз, соҳаи иҷтимои, илм, фарҳанг, маориф ва тандурусти, истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист, таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини мудофиа ва амнияти давлати, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилали ва соҳаҳои дигарро дар бар мегирад

Дар танзими муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ Созмони Милали Муттаҳид, ки ташкилоти байналмилалии универсалӣ буда, бо мақсадҳои дастгири сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, андешидани тадбирҳои пурсамари дастаҷамъона барои пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳо ба сулҳ, бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ, рушди муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо, амалисозии ҳамкориҳо дар ҳалли проблемаҳои байналмилалии характери иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дошта, дастгирӣ ва инкишоф додани эҳтиром ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии ҳамагон, сарфи назар аз тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забон, дин ва ғайра мебошад.

Фаъолияти тахрибии ТТЭ ҲНИ, ки дар шуури ҷомеаи пайрави исломи анънавӣ ақидаҳои тундравро ҷой кард, боиси сар задани ҷанги бардаркуш шуд, ки дар натиҷа ба иқтисодиёти мамлакат ба андозае зарар расид ва қисми зиёди шаҳрвандон гурезаю муҳоҷири маҷбурӣ шуданд. Ҳануз бо Қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Бо вуҷуди ин, ки аз тарафи хоинон то ба имрӯз ин ташкилот, роҳбарият ва фаъолони онро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Масъалаи паҳншаваии касалии  COVID-19 дар ҷомеаи имрўза яке аз масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷа қайд гардидааст. Ин ниҳод низ ба ҳамаи самтҳои рушди инсонӣ таъсироти худро расонид.

Бо назардошти ҳамаи ин коллизияҳо мо шаҳрвандони кишвар фахр аз он дорем, ки тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистон зисту зиндагонӣ дорем ва намегузорем, ки ба ин кишвари биҳиштосо ва Сарвари хирадманду тавонои он бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Зеро сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сабаби он  шуд, ки имрўз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем

Абдувоҳидов М.Р. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи

соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like