Тарғибгари ҳизби аҳриманӣ

Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳизби харакатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ мебошанд. Маҳз ҳизби наҳзат  манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд.

Дар ҷумҳурӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ ҳизби наҳзати ислом ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид гардид. Миёни аҳолии кишвар хеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва оқибат фано шуд.  Таърих гувоҳ аст, ки ТЭТ ҲНИ сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари азизамон аст.

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» тавассути оинаи нилгун банда якчанд андешаи худро нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин хостам баён намоям. Дар ҳаёти одами  бисёр воқеаҳое рух медиҳанд ва нафарони манфиатҷӯй, шуҳратталабу фурсатталаб мехоҳанд аз он истифода намуда, вазъият худро муаррифӣ карданӣ мешаванд ва корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки аз бешарафӣ ва беномусии онҳо гувоҳи медиҳад.

Пас аз гузаштани даҳсолаҳо ғайричашмдошт аъмоли бешарафонаи содирнамудаи М.Садриддин ошкор гардид. Чӣ тавре, ба ҳамагон маълум аст, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадиқболи Садриддин, дар давраи наврасиаш аз тарафи қумандоҳои афғон бо номи Ғулом таҷовуз шудааст. Шахсе, дар давраи наврасиаш захм бардорад, то дами нафаси охирини ҳаёт ба касе даҳон нахоҳад кушод.

Имрӯз пас аз намоиши филми ҳуҷҷати «Бешарафӣ» ё «кабӯтари сафед»  фаъолияти иғвогаронаи худро коҳиш дода, мисли устоди худ Кабирӣ шояд роҳи дигари фиребу найрангро меҷӯяд. Аммо Муҳаммадиқбол бояд бидонад, ки қумандон Ғулом то ҳол дар кофтукови «кабутари сафед» аст. Чун, ки ӯ «кабутари сафед»-ро ҳамчун зан истифода мебурд. Баъд аз овардани далелҳои кофӣ М.Садриддин шояд роҳи худсафедкуниро меҷуяд, вале ӯ дер кард. Чун дар уруфият мегуянд, оби пиёлаи шикастаро ҷамъ карда гирифта намешавад.

Дар кишвари мо, ки сулҳу амният ба кулли пойдор буда, ҳама аз паси ободкориянд, дигар мардуми тоҷик хиёнаткорони давлатро намебахшад. Хиёнаткорони кишвари мо, солҳои дар Ватан кору фаъолият намудан як гӯшаи онро обод накарданд.  Аммо имрӯз бо мақсади паст задании имидҷи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ камбудии кишварро меҷӯянд.

Дар охир гуфтаниям, ки агар аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақт пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро, ки сабабгораш ТЭТ ҲНИ буд, гирифта намешуд ва гурезагони тоҷикро аз Афғонстон ба ҷои истиқоматашон барнамегардониданд, ТЭТ ҲНИ мисли дигар ташкилотҳои террористиву экстремистӣ реша паҳн карда, аксарияти гурезагонро барои мубориза бар зидди сохти конститутсионии Ватани худ истифода мебурд, ки ин боиси ноороми кишвари азизи мо ва минтақа  мегардид.

Норматов Ш.М. – н.и.и., дотсент,

мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like