Манфиатҳои ғаразноки Кабирӣ

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Кадом муҳаббатро Мавлонои Балхӣ барои хонанда иброз медорад? Ҳамон муҳаббате, ки имрӯз инсонро ба ин андоза овард. Агар инсоният аз оғоз ҳамеша худро дар ҷангу ҷидол медид, пас имрӯз мо ба ин ҳадди тараққиёт намерасидем. Танҳо муҳаббат ба илму дониш инсонҳоро ба ин ҳад ва авҷи тараққиёт расонид. Аммо афсӯси он ки дар дунё нафароне чун роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ вуҷуд доранд, ки ҷомеаро ба таҳлука меандозанд ва ҳамеша манфиати худро ҷӯёанд. Магар гузаштагони мо дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву худшиносӣ барин мафҳумҳоро дар осорашон насурудаанд?

Магар онҳо мусалмон набуданд? Куштани мӯрча барин ҳашароти хурд гунаҳ шуморида мешуд, аммо Кабирию ҳаммаслаконаш солҳои 90-уми асри гузашта чи балоҳое ба сари мардум наёварданд. Имрӯз боз бо кадом рӯ худро муъмину мусалмон мегӯянд. Боз бо кадом забон даъвои ватанхоҳӣ доранд. Бо нафрати беандоза ба ин мардуми гумроҳ, ки худро бодину диёнат мешуморанд, гуфтаниям, ки пеш аз сухан кардан ва сиёҳ кардани мардуми Тоҷикистон аввал аз кирдорҳои нангини худ ва ҳаммаслаконашон нағзакак андешанд. Тоҷикон аз оғоз мардуми босабру таҳаммуланд ва ба доми фиреб ва найрангҳои пардапӯшонаи ин гуна тоифа, махсусан ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ нахоҳанд афтод.

Раҳматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ 

You might also like