Мо набояд фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда гардем!
Терроризм ба инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ таҳдид мекард. Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест. Дар охири қарни XIX ва XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Аз ҳама қабиҳтарин ва мудҳиштарин амалиётҳои террористӣ инхо мебошад:
- амалиёти террористӣ дар Нью-Йорк 11-сентябри соли 2001, дар натиҷаи амалиёти террористӣ якчанд иншоотҳои истиқоматӣ ва иқтисодӣ вайрон гардонидашуда, ҳазорҳо нафар аҳолии бегуноҳ қурбон ва ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
- амалиёти террористӣ дар мактаби таҳсилоти умумии Беслани ҷанубии Федератсияи Русия санаи 1-сентябри соли 2004, ки гурӯҳи террористон бо мақсади ваҳм андохтан ва ноил гардидан ба мақсадҳои ғаразноки худ дар рӯзи дониш ба мактаб ҳуҷум карда, хонандагон ва омўзгорони мактабро гаравгон гирифта, онҳоро таи якчанд рӯз дар зери тасарруфи худ гирифта буданд. Дар натиҷаи чунин амалиёти қабеҳ ҳазорҳо нафар сокинони маҳали мазкур ба кумаки рӯҳӣ-психологӣ мӯҳтоҷ гардиданд.
– он амалиёти террористие, ки дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи таҷлили 65-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б. Fафуров ба амал омада, ки мақсади гурӯҳи террористӣ сӯиқасд ба ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар натиҷаи он якчанд нафар ҳалок ва чанди дигаре ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмониву рӯҳӣ бардоштанд.
Амалиётҳои террористӣ дар мамлакатҳои Покистону Афғонистон, Ироқ, Исроил қариб, ки ҳама рӯз ё ҳафта ба амал меоянд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ, аҳолии осоишта аз онҳо зарар мебинанд. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон», “ТЭТ ҲНИ” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Оре, гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом сӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ТЭТ ҲНИ аллакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем. Дар асл ҳар ҳизби мамнӯи наҳзат дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад. Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
- 30 марти соли 2006 ташкилотҳои зерини террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст: «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ харакати Исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти дини – миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод».
- 11 марти соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.
- 08 январи соли 2009 равияи динии «Салафия» ҳамчун равияи ғайриқонуни амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
- 03 майи соли 2012 Ҷамоати «Ансоруллоҳ» ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www.irshod.kom, www. irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати «Ансоруллоҳ», чун воситаи ахбори умум баста шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати мазкур манъ карда шудааст.
- 9 октябри соли 2014 “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст.
- 30 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. Аслан мо наметавонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯистифодашуда аз дин бошад ё ғайридинӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд. Аз ҷумла дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26.12.2018 сол омадааст: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерўҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд. Ин таъкидҳо моро ба хулосае меорад, ки барои мубориза бурдан алайҳи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ нерўи якҷояи дастаҷамъона лозим аст, ки дар он бояд оила, мактаб, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин дар маҷмўъ ҳар фарди солимфикру масъулиятшиноси ҷомеаи Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд. Дар амалисозии ин мақсади наҷиб пеш аз ҳама ҳар як оила саҳми калон гузошта метавонад чунки дар оила асосҳои маънавии тарбияи ҳар як фард бунёд меёбанд. Дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳо, миёнаи махсус, донишгоҳу донишкадаҳо саҳми калон гузошта метавонанд, чунки кормандони ин муассисаҳо имкон доранд, ки ба толибилмон мақсад ва моҳияти экстремизм ва терроризмро шарҳ диҳанд ва шомилшавии ҷавононро дар ин раванд пешгирӣ намоянд.
Ходимони дин низ метавонанд дар мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм саҳми босазо дошта бошанд, чунки шинохти чеҳраи ҳақиқии ифротгароӣ ва даҳшатафканиро пеш аз ҳама онҳо метавонанд шарҳ диҳанд ва дар пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳар яки моро лозим аст, ки бо эҳсоси баланди ватандўстию масъулияти шахсӣ муқобили ин падидаи манфӣ муборизаи дастаҷамъона барем, то ки суботу оромии ҷомеаи ватани маҳбубамон пойдор бошад ва имконият барои рушди хоҷагии халқи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқамон, барои тарбияи насли навраси ояндасозу бунёдкор шароити моддию маънавӣ фароҳам оварем. Аз ин рў, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чи дар хона, чи дар сарҳад, чи дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас, мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рўҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем. Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ. дотсенти кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ