Риштаи дўстӣ набояд канда шавад

Аз давраҳои қадиму айём байни миллати тоҷику қирғиз дўстиву муносибатҳои хуб боқи мондаааст. Хусусан бояд қайд кард, ки вақтҳои охир байни ду давлат оид ба муносибатҳои иқтисодӣ рушд ёфта истодааст, ки ба кишавари мо маҳсулотҳои саноативу сўзишвориҳо аз ҷумҳурии ҳамсоя ворид мегардад.

Мутаассифона, вақт охир байни ду давлат муноқишаҳо ба вуҷуд омада муносибатҳо тезу тунд гардидаанд. Аз расонаҳои расмӣ маълум гардид, ки дар сарҳади ду давлат оид ба ҳудуди давлат ва заминҳои ба истифода шаванда кашмакаш гардида байни аҳолинишинони марзҳо муносибатҳо тез гардида ва то ҳатто даст ба гиребон гирифта ба тирпарронӣ даст задаанд. Ин ҳолат ба ҳамон оварда расонид, ки аз тарафи ду давлат задухурди қўшунҳои ҳарбӣ ба вуҷуд омад, ки боиси вазнин шудани ҳолати сиёсӣ гардид.

Дигар масъалаи вазнин, ин имконияти вазнин ё канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ мебошад, ки барои кишвари мо басо муҳим ва таъсирталаб мегардад. Чунки, аксарияти маводҳои хўрокаву сўзишвориҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумҳурии ҳамсоя ба кишварамон ворид мегардад.

Мутаассифона аллакай аз расонаҳои интернетӣ аз вазъияти бавуҷуд омада истифода бурда як гурўҳ шахсиятҳо нисбати Тоҷикистон ҳаргуна маълумотҳои бардурўғу беасосро паҳн карда истодаанд.

Вобаста бар ин мо зиёиён дар байни мардум бояд корҳои фаҳмондадиҳиро пурзўр карда нагузорем, ки ба ҳаргуна овозаҳо бовар карда сабаби боз ҳам бад шудани муносибатҳо гардад. Мо мардуми тоҷик аллакай чи будани ҷанг ва оқибатҳои онро дидаем ва набояд гузорем, ки дигарон аз ин ҳолат истифода баранд.

Орипов А.А. –н.и.и., дотсент, декани

факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like