Мавқеи расмии Тоҷикистон ин беғаразӣ дар қазияи сарҳад аст

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз қаторкӯҳҳои паси Олой оғоз гардида, тавассути қаторкӯҳҳои Олой, Зарафшон, Туркистон ва сипас то водии Фарғона дар пайвастагии сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон давом мекунад. Дарозии сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 987 кмро ташкил медиҳад.

Мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 2004 дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ амал менамоянд. Аз он ҷумла, “Гулистон” дар Исфара, “Маданият” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Овчӣ-Қалъача” дар ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд, “Қизил-Арт” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва “Қарамиқ” дар ноҳияи Лахш.

Соли 2000 нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии се кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой тавассути ба имзо расонидани Созишномаи сеҷониба байни кишварҳои номбурда муайян гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати як давлати бузург қарор доштанд ва ин ду кишварро сарҳадҳои маъмурӣ ҷудо менамуданд. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, зарурати муайян намудани хати Сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо ин кишвар ба вуҷуд омад. Бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташкил гардид.

Музокироти дуҷониба вобаста ба делимитатсияи сарҳади давлатии ду кишвар аз соли 2002 оғоз гардида, дар давраи охири соли 2013 зиёда аз 500 км хати сарҳади давлатӣ делимитатсия карда шудааст.

Вохӯриҳои Комиссияи байниҳукуматии номбурда бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар ва коршиносони соҳавӣ соле 3-4 маротиба баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ муҳокима мекарданд. Новобаста аз ин Тоҷикистон ягон мардуми кишвари Кирғизистонро нарондааст ҳарчанде, ки онҳо ба замину хоку оби Тоҷикстонро истифода бурда озодона дар маҳалҳо зиндагӣ мекарданд, ки шукр накарданд. Зеро Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо аҳолии бегонаро аз давлати худ наронда миқёси давлатро тақсим ҳам накардааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади ҳалли самарабахши масъалаҳои аввалиндараҷа ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳкурсии институтсионалии устувор – Шӯрои Ҳамоҳангсозии Байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмўи масъалаҳои дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ таъсис дода шудааст.

Афзалиятҳои алоқаҳои сиёсии ду кишвар дар зимни чунин вазифаҳои умумӣ, ба монанди таҳкими амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ аён мегардиданд.

Пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон заминаи ҳуқуқии мустаҳкамро барои таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи минбаъдаи ҳарду кишвар фароҳам овард.

Дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли муайяни болоравӣ мушоҳида мерасиданд.

Аммо мутаасифона вақтҳои охир байни сокинони ин мамлакат муноқишаи сарҳадӣ рух дода вазъияти ду кишварро ноором карда истодаанд. Раиси ноҳияи Боткент Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша ба ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст, ки ин нозоъангезӣ байни ду давлат ба ҳисоб меравад. Низоъву зиддиятҳои наздисарҳадиро дар мавсими кишту корӣ ва обёри заминҳо ин масъалаҳои ҳалшаванда буда, набояд ба ин ягон сокини кишвар зарар бинанд ва ба ин роҳ ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расонида шаванд.

Кабирзода Г.Қ.омўзгори кафедраи ҳуқуқи

судӣ ва назорати прокурорӣ ДДҲБСТ

You might also like