Тарғибгари ТЭТ ҲНИ

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон), соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои қаллобӣ дар асоси моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд Тоҷикистон.

Маълум мегардад, ки Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо мақсади раҳо намудани Шарипов Ҳасан аз зиндон, ки бо иттиҳоми қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дар Федератсияи Русия қарор дорад, бори аввал аз бародари ӯ Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ 40 ҳазор рубли русӣ, бори дуюм – 1000 доллари ИМА-ро аз они худ кардааст. Дар баробари ин, Холов И.А. умуман амалҳои тафтишотӣ иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарифов ягон коре анҷом надодааст. Илова бар ин, ӯ ба ӯ ягон ёрии ҳуқуқӣ нарасонидааст. Ҳамзамон Холов И.А. маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардашударо барои эҳтиёҷоти худ сарф намуда, ба шаҳрванд Б.Шарифов зарари моддӣ расонидааст. Аз гуфтаҳои Шарипов Бобоҷон, бармеояд, ки Холов И.А. маблағҳои зиёдеро азхуд карда, бо роҳи фиреб ба боварии даҳҳо нафар шахсони ниёзманд даромада барои кӯмаки ҳуқуқӣ аз онҳо маблағ мерӯёнидааст.

Маълум аст, ки яке аз талаботҳои асосии қонун барои ҳар як кирдори содирнамуда шахси муқаррар намудани ҷавобгарӣ аст. Як ҳолатро бояд ба инобар гирифт, ки мақомотҳои қудратии Тоҷикистон тибқи талаботи қонун ин гуна амали зиддиқонуниро таъқиб намуда ҷиҳати пешгирии он чораҷӯӣ намуда истодаанд. Аз расонаҳои гуногуни хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ бармеояд, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро аз ин фурсат истифода намуда, даст ба туҳмату иғвоандозӣ задаанд, ба мисоли ТЭТ ҲНИ, “Гурӯҳи 24” ва ғайраҳо.

Илова меамоем, ки мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи хоинони давлату миллат нахоҳад шуд. Мардуми тоҷик барои расидан ба Истиқлолияти комил тули сад солаҳо талош намудааст, ки имрӯз мо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дар ватани азизамон Тоҷикистон умр ба сар мебарем. Онҳо бо фитнаандозиҳояшон дар миёни мардум дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба Истиқлолияти мо хатар меоварад. Зеро, ки чунин шахсиятҳо  дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ корашон миёни мардуми муҳоҷир танҳо фитнаандозию ҷангдозӣ дар чашми мардум сиёҳ намудани ҳукумати мамлака ва сохторҳои давлатӣ мебошад. Даъвати онҳо ин поймол намудани сохти конститутсионӣ буда, онҳо талоши ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистонро доранд. Мардуми тоҷик сулҳу субот, ваҳдат, якдигафаҳми-ро арзишҳои қимати худ шуморида дар замони Истиқлолияти давлатӣ пурра бо чунин неъматҳои даврони Истиқлол таъмин аст. Хушбахтона мардуми тоҷик бо сарвари оқилу ватанбунёди худ хамарӯза дар талоши бунёди инфрасохтори гуногуни иҷтимоӣ ва ободии диёр барои насли имрӯзу оянда заҳматҳои зиё доранд.

Солҳои охир бошад, баъзе инсонҳе давъои сиёсату сиёсатбози карда истодаанд, ки дар асл бӯе аз сиёсат набурдаанду бо хондани чанд китоб дар бораи сиёсату дипломатия аз худ беҳтарин дипломату нобиғаи аср месозанд. Ғайр аз кору фаъолияти начандон муассири худ, хизматҳои дигаронро ба назар намегиранд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунанд, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд, агар эшон набошанд давлат несту нобуд ва миллат пароканда мешавад.

Дар асл, пеш бурдани рисқу рӯзӣ ва зиндагӣ аз кисаи муҳоҷири бечораи сарсони тоҷик ноҷавонмардӣ аст. Бигзор тамоми он нафароне, ки бо чунин роҳи фиребу зиндагии худро пеш мебаранд, тибқи талаботи қонун дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ

You might also like