Ҷониби Тоҷикистон омодааст бо ҳамсояҳо ба сари музокирот шинад
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаҳое паҳн шуда истодаанд, ки муаллифони онҳо даъвои замини тоҷикон мекунанд. Масалан раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар муҳосибаи худ гуфтааст, навоҳии Лахшу Мурғоби Тоҷикистон низ ба Қирғизистон таъаллуқ доранд. Ҳамчунин ӯ Тоҷикистонро “кишваре сохта дар заминҳои Ӯзбекситону Қирғизистон” меномад. Дар ҳолате, ки чунин суханҳо аз мансабдорони баландпоя ба гӯш мерасад, ҳар як шахсро ба изтироб меорад. Суханҳои Тошиев ягон хел асоси на таърихӣ ва на ҳуқуқи надоранд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар ин сарзамин ҳазорсолаҳо зиндагони карданнд. Далелҳо нишон медиҳанд, ки ин даъвоҳо бепояанд ва аз тарафи дигар ин ашхос бояд донанд, ки миллати ТОҶИК ба ҳеҷ ваҷҳе ва ҳеҷ гоҳ як пораи замини худро ба касе нахоҳад дод.
Аз тарафи ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Камол Раҳим далелҳои раднопазир гирд оварда шуданд. Аз ҷумла харитаи аввал марбут ба соли 1939 буда, «Карта Таджикской Советской Социалистической Республики» ном дорад. Ин харита аз ҷониби Бюрои картографии экспедитсияи Осиёимиёнагӣ зери таҳрири мутахассисони варзида П.И.Троицкий, П.Г.Ермонский, Н.И.Егорова ва С.Е.Фель бо андозаи (масштаб)-и 1:750 000 тартиб дода шудааст. Мувофиқи ин харита, ки Тоҷикистон бо хурдтарин ҷузъиёташ тасвир шудааст, Ворух ҷазирақаламрав набуда, балки дар хоки якпорчаи ноҳияи Исфара дохил мешавад.
Харитаи дуюм «Схема размещения предприятий топливной, химической, металлообрабатывающей промышленности и промышленности стройматериалов Таджикской ССР» ном дорад. Дар ин харита низ бо ишора ба он, ки дар Исфара ангишт ва нерӯгоҳи барқӣ мавҷуд аст, равшан аён аст, ки Ворух дар замини якпорчаи Исфара қарор дорад.
Харитаи сеюм «Схема размещения предприятий текстильной, легкой и пищевой промышленности Таджикской ССР» ном дорад ва дар ин харита низ Ворух ҷазирақаламрав нест.
Аз нигоҳи ҷуғрофиёи таърихӣ Ворух наметавонад ҷазирақаламрав бошад.
Таърих гувоҳ аст ва сарчашмаҳои муътамад шаҳодат медиҳанд, ки хостгоҳ ва ё ватани аҷдодии кирғизҳо соҳилҳои Енисей буда, бо далоили мухталиф дар асри XVI ба минтақаи Тян-шон муҳоҷират карданд. Дар асари фишори орлатҳо (қалмиқҳо) дар асрҳои XVII-XVIII бо ду мавҷи муҳоҷират иддаи зиёде аз онҳо ба водии Фарғона кӯч бастанд. Соли 1758 баъд аз байн рафтани давлати орлатҳо теъдоде аз қирғизҳо ба Тян-Шон баргаштанд ва теъдоди дигарашон водии Фарғонаро ватан интихоб карданд. Ин ҷо ҷойи шарҳи бештар аз ин нест, ки водии Фарғона ватани таърихии қирғизҳо ба шумор намеравад.
Ин далеҳо боз як бор шаҳодат медиҳанд, ки даъвои Ҷумҳурии Қирғизистон оиди Ворухи Тоҷикистон беасос мебошад.
Ба фикри ман халқи ҳар ду давлат бояд муносибати худро дӯстона карда ба ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимои равона кунанд мувофиқи мақсад буд. Халқи тоҷик ба ин муносибати дӯстона омодааст. Ин нуктаро Пешвои милат зимни вохӯрӣ бо бошандагони ҷамоати Ворух таъкид карда гузаштанд.
Раҳимов А.М. – д.и.и., профессор, мудири
кафедраи назарияи иқтисоди ДДҲБСТ